Дар Бозиҳои олимпии Порис пӯшидани ҳиҷоб иҷозат дода хоҳад шуд?

© Sputnik / Михаил МокрушинОлимпийские кольца. Архивное фото
Олимпийские кольца. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Обуна шудан
Созмони байналмилалии олимпӣ интизор дорад, ки дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Порис қоидаҳои созмон барои ҳамаи ширкаткунандагон татбиқ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ба иштирокчиёни Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Порис иҷоза дода мешавад, ки ҳиҷоб ва дигар рамзҳои мазҳабиро бидуни маҳдудият ба бар кунанд.
Дар ин бора узви Комиссияи варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), Астрид Ҷейкобсен иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, ин тасмим танҳо ба деҳаи олимпӣ дахл дорад. Аммо истифодаи онро дар мусобиқаҳо федератсияҳои байналмилалӣ танзим мекунанд.
"Аз номи КБО ва Комиссияи варзишгарони КБО, барои ман хеле муҳим аст, ки ба шумо хабар диҳам, ки дар деҳаи олимпӣ ҳеҷ гуна маҳдудият дар пӯшидани ҳиҷоб ё дигар рамзҳои мазҳабӣ вуҷуд нахоҳад дошт", - гуфт Ҷейкобсен.
Дзюдоист Темур Рахимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Раҳимов нишони нуқра гирифт: Медали сеюм ба сандуқи варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё
Дар баробари ин муҳим аст, ки қоидаҳои КМО дар Бозиҳои олимпӣ ба ҳама дахл дошта бошанд, таъкид кард намояндаи созмон.
Масъалаи пӯшидани ҳиҷоб ва рамзҳои мазҳабӣ пас аз суханронии вазири варзиши Фаронса Амели Оудеа-Кастер матраҳ шуд.
Дар авоили моҳи сентябр вай эълон кард, ки ба варзишгарони фаронсавӣ, ки дар Олимпиадаи соли 2024 ширкат меварзанд, пӯшидани бурқа манъ карда мешавад.
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж аз 26 июл то 16 августи соли 2024 баргузор мешаванд. Дар онҳо барои 329 маҷмӯи медалҳо сабқат сурат хоҳад гирифт. Тоҷикистон ният дорад дар мусобиқаҳо дар чанд ришта ширкат кунад.
Лентаи хабарҳо
0