https://sputnik.tj/20231001/charo-savdoi-moshin-tojikiston-khariddoron-furushanda-moshinbozor-1059714728.html
Чаро савдои мошин дар Тоҷикистон суст шуд? – шарҳи хариддорону фурӯшандаҳои мошинбозор
Чаро савдои мошин дар Тоҷикистон суст шуд? – шарҳи хариддорону фурӯшандаҳои мошинбозор
Sputnik Тоҷикистон
Хариддорон аз гароншавии нархи мошин шиква мекунанд фурӯшандаҳо бошанд аз шумори ками хариддорону суръати сусти савдо дар мошинбозор мегуянд
2023-10-01T18:04+0500
2023-10-01T18:04+0500
2023-10-02T14:51+0500
дар тоҷикистон
мошин
худрав
бозор
хуҷанд
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/01/1059713176_0:121:1280:841_1920x0_80_0_0_8fcd80e720295e3cadb373cb47fc4878.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Шурӯъ аз пагоҳ вуруди мошинҳои соли истеҳсолсолашон то 2013 ба Тоҷикистон манъ мешавад.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон як рӯз қабл аз татбиқи ин санад ба мошинбозори Суғд рафт ва бо хариддорону тоҷирони мошинҳо суҳбат карда набзи бозорро санҷид.Бино ба мушоҳидаи ӯ, мошинбозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маъруф ба якшанбебозор, ки аз калонтарин бозори харидуфурӯши мошинҳо дар Тоҷикистон гуфта мешавад серодам ба назар расида, аммо суръати савдо аз пеш дида ба таври қобили мулоҳиза суст шудааст.Таъсири қурби рублЁқуб Холматов, тоҷирони мошин дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки сокинон бештар аз куҷоҳо ва аз кадом ҳисоб мошин мехаранд.Бино ба гуфти ӯ, шумори бештари хариддорони бозор онҳое мебошанд, ки дар шароити навоҳӣ ба сар бурда ва аз ҳисоби пули фарзандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштаашон ба мошинхарӣ меоянд. Аммо коҳиши қурби рубли русӣ дар бозори арз ба вазъи иқтисодии аксар нафароне, ки дар орзӯи харидани мошин ҳастанд таъсир расонидааст.“Арзиши рубл паст рафт ва дар ин миён нархи мошинҳо 5 то 10 ҳазор сомонӣ баланд шуд. Аз ҳамин сабаб имкони иқтисодии бисёриҳо барои харидани мошин даст намедиҳад. Ҳоло савдо дар бозор тамоман суст шудааст” – таъкид намуд, тоҷири мошин.Ин тоҷир мегуяд, агар дар гузашта дар ин бозор то 40 – 50 мошин савдо мешуд, ҳоло ин рақам ба 5 – 10 адад коҳиш ёфтааст.Хариддорон мегуянд, ки қабули қарори нав ба нархи мошинҳо бе таъсир намемонадҲукумати Тоҷикистон ду моҳ қабл, рӯзи 2 август қарори манъи вуруди мошинҳои соли бароришашон 2013 ро содир кард, ки аз пагоҳ 2 октябр татбиқ мешавад. Дар шарҳи қабули ин санади ҳукумат гуфта шудааст, ки ҳадаф аз ин иқдом “беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши ҳаҷми партовҳо ба ҳаво аст”.Аммо аксари сокинони навоҳии кӯҳистонии кишвар мегуянд, қабули ҳамчунин қарор ба нархи мошинҳои кӯҳна бетаъсир намемонад ва на ҳама имкони харидани мошинҳои навро доранд.Шариф Асадов, як сокини ноҳияи Деваштич ва аз мусоҳибони Sputnik Тоҷикистон дар мошинбозори Суғд мегуяд, манъ намудани воридоти мошинҳои соли истеҳсолашон то 2013 боиси болоравии нарх шудааст.“Бо татдиқ шудани ин қарор ҳоло нархи мошинҳои кӯҳна низ нархашон баланд шудааст. Барои мисол як ё ду моҳ қабл нархи мошинҳои опел, ки 50 – 60 ҳазор сомонӣ арзиш доштанд, ҳоло ба 70 – 80 ҳазор сомонӣ дакка задаанд” – изҳор намуд, хариддор.Ин мусоҳиби мо мегуяд, онҳое, ки бо 80 ҳазор сомонӣ имкони иқтисодии харидани мошини дасти сеюм ё чорумро надоранд чи гуна метавонанд бо 150 – 200 ҳазор сомонӣ мошинҳои нав хариддорӣ кунанд.Тоҷикистон ҳоло ҳеҷ навъе аз мошини сабукрав истеҳсол намекунад ва асосан мошинҳои сабукрав ва боркашони дасти дуюм ба мисли Opel, Меrсеdess, Labo, Porter, Lada ва Gazelle аз кишварҳои Иттиҳоди аврупо ва Куриёву Россия ворид карда мешавад.Бино ба иттилоъи Идораи гумрук, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 36 ҳазору 800 мошини сабукрав соли бароришашон аз 2006 то 2023 ворид шудааст.
https://sputnik.tj/20230929/rahmon-tojikiston-metavonad-minbad-makoni-istehsoli-elektromobilho-gardad-1059685116.html
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/01/1059713176_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_200c267ed0b869d77ee2863fcec78294.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, мошинбозор, фурӯш, худрав, харид, фурӯш
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, мошинбозор, фурӯш, худрав, харид, фурӯш
Чаро савдои мошин дар Тоҷикистон суст шуд? – шарҳи хариддорону фурӯшандаҳои мошинбозор
18:04 01.10.2023 (Навсозишуда: 14:51 02.10.2023) Эксклюзив
Хариддорон аз гароншавии нархи мошин шиква мекунанд фурӯшандаҳо бошанд аз шумори ками хариддорону суръати сусти савдо дар мошинбозор мегуянд
ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Шурӯъ аз пагоҳ вуруди мошинҳои соли истеҳсолсолашон то 2013 ба Тоҷикистон манъ мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон як рӯз қабл аз татбиқи ин санад ба мошинбозори Суғд рафт ва бо хариддорону тоҷирони мошинҳо суҳбат карда набзи бозорро санҷид.
Бино ба мушоҳидаи ӯ, мошинбозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маъруф ба якшанбебозор, ки аз калонтарин бозори харидуфурӯши мошинҳо дар Тоҷикистон гуфта мешавад серодам ба назар расида, аммо суръати савдо аз пеш дида ба таври қобили мулоҳиза суст шудааст.
Ёқуб Холматов, тоҷирони мошин дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки сокинон бештар аз куҷоҳо ва аз кадом ҳисоб мошин мехаранд.
Бино ба гуфти ӯ, шумори бештари хариддорони бозор онҳое мебошанд, ки дар шароити навоҳӣ ба сар бурда ва аз ҳисоби пули фарзандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштаашон ба мошинхарӣ меоянд. Аммо коҳиши қурби рубли русӣ дар бозори арз ба вазъи иқтисодии аксар нафароне, ки дар орзӯи харидани мошин ҳастанд таъсир расонидааст.
“Арзиши рубл паст рафт ва дар ин миён нархи мошинҳо 5 то 10 ҳазор сомонӣ баланд шуд. Аз ҳамин сабаб имкони иқтисодии бисёриҳо барои харидани мошин даст намедиҳад. Ҳоло савдо дар бозор тамоман суст шудааст” – таъкид намуд, тоҷири мошин.
Ин тоҷир мегуяд, агар дар гузашта дар ин бозор то 40 – 50 мошин савдо мешуд, ҳоло ин рақам ба 5 – 10 адад коҳиш ёфтааст.
Хариддорон мегуянд, ки қабули қарори нав ба нархи мошинҳо бе таъсир намемонад
Ҳукумати Тоҷикистон ду моҳ қабл, рӯзи 2 август қарори манъи вуруди мошинҳои соли бароришашон 2013 ро содир кард, ки аз пагоҳ 2 октябр татбиқ мешавад. Дар шарҳи қабули ин санади ҳукумат гуфта шудааст, ки ҳадаф аз ин иқдом “беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши ҳаҷми партовҳо ба ҳаво аст”.
Аммо аксари сокинони навоҳии кӯҳистонии кишвар мегуянд, қабули ҳамчунин қарор ба нархи мошинҳои кӯҳна бетаъсир намемонад ва на ҳама имкони харидани мошинҳои навро доранд.
Шариф Асадов, як сокини ноҳияи Деваштич ва аз мусоҳибони Sputnik Тоҷикистон дар мошинбозори Суғд мегуяд, манъ намудани воридоти мошинҳои соли истеҳсолашон то 2013 боиси болоравии нарх шудааст.
“Бо татдиқ шудани ин қарор ҳоло нархи мошинҳои кӯҳна низ нархашон баланд шудааст. Барои мисол як ё ду моҳ қабл нархи мошинҳои опел, ки 50 – 60 ҳазор сомонӣ арзиш доштанд, ҳоло ба 70 – 80 ҳазор сомонӣ дакка задаанд” – изҳор намуд, хариддор.
Ин мусоҳиби мо мегуяд, онҳое, ки бо 80 ҳазор сомонӣ имкони иқтисодии харидани мошини дасти сеюм ё чорумро надоранд чи гуна метавонанд бо 150 – 200 ҳазор сомонӣ мошинҳои нав хариддорӣ кунанд.
Тоҷикистон ҳоло ҳеҷ навъе аз мошини сабукрав истеҳсол намекунад ва асосан мошинҳои сабукрав ва боркашони дасти дуюм ба мисли Opel, Меrсеdess, Labo, Porter, Lada ва Gazelle аз кишварҳои Иттиҳоди аврупо ва Куриёву Россия ворид карда мешавад.
Бино ба иттилоъи Идораи гумрук, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 36 ҳазору 800 мошини сабукрав соли бароришашон аз 2006 то 2023 ворид шудааст.