https://sputnik.tj/20230929/rahmon-tojikiston-metavonad-minbad-makoni-istehsoli-elektromobilho-gardad-1059685116.html
Раҳмон: Тоҷикистон метавонад минбаъд макони истеҳсоли электромобилҳо гардад
Раҳмон: Тоҷикистон метавонад минбаъд макони истеҳсоли электромобилҳо гардад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 аз имкониятҳои васеи содиротии кишвар таъкид кард
2023-09-29T15:59+0500
2023-09-29T15:59+0500
2023-09-29T19:54+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
саноат
электромобил
истеҳсол
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048005079_0:117:3227:1932_1920x0_80_0_0_6d8d2faf0e0da35dd9ca9644113c7b2a.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 гуфт, ки Тоҷикистон метавонад минбаъ ба як макони истеҳсоли электромобилҳо гардад.Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар, Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст ва ин омил барои рушди саноати истихроҷи маъдан заминаи устувор фароҳам овардааст.Вай афзуд, ки дар кишвар шашсад кони канданиҳои фоиданок, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд.“Вале имрӯз танҳо даҳҳо кон мавриди истифодабарӣ қарор дорад, ки дар онҳо беш аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад”, - таъкид кард раисҷумҳури кишвар.Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш қайд кард, ки бахши истеҳсолоти саноатӣ метавонад самти дигари ояндадори ҳамкориҳои мо бошад.“Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои сохтмони аксари иншооти муҳим ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ низ як силсила имтиёзҳо муқаррар гардидаанд”, - гуфт раҳбари кишвар.Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки дар кишвар ташаккули минтақаҳои саноатӣ идома дорад.
https://sputnik.tj/20220117/voridoti-elektromobilho-elektrobusho-trolleybusho-boji-gumruki-1044869164.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048005079_141:0:2870:2047_1920x0_80_0_0_be4f6bfc6c429133dd3b505c3bf3a0d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, электромобил, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, макон, истеҳсол, саноат, содирот
тоҷикистон, электромобил, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, макон, истеҳсол, саноат, содирот
Раҳмон: Тоҷикистон метавонад минбаъд макони истеҳсоли электромобилҳо гардад
15:59 29.09.2023 (Навсозишуда: 19:54 29.09.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 аз имкониятҳои васеи содиротии кишвар таъкид кард
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 гуфт, ки Тоҷикистон метавонад минбаъ ба як макони истеҳсоли электромобилҳо гардад.
“Тоҷикистон бо дарназардошти истифодаи "алюминийи сабз", "энергияи сабз", литий ва имкониятҳои васеи содиротӣ метавонад минбаъд макони истеҳсоли электромобилҳо гардад”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар, Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст ва ин омил барои рушди саноати истихроҷи маъдан заминаи устувор фароҳам овардааст.
Вай афзуд, ки дар кишвар шашсад кони канданиҳои фоиданок, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд.
“Вале имрӯз танҳо даҳҳо кон мавриди истифодабарӣ қарор дорад, ки дар онҳо беш аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад”, - таъкид кард раисҷумҳури кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш қайд кард, ки бахши истеҳсолоти саноатӣ метавонад самти дигари ояндадори ҳамкориҳои мо бошад.
“Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои сохтмони аксари иншооти муҳим ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ низ як силсила имтиёзҳо муқаррар гардидаанд”, - гуфт раҳбари кишвар.
Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки дар кишвар ташаккули минтақаҳои саноатӣ идома дорад.