https://sputnik.tj/20230928/tojikiston-afzoishi-besobiqai-taboduli-mol-belorus-1059653774.html
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши бесобиқаи табодули мол бо Белорус хабар дод
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши бесобиқаи табодули мол бо Белорус хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти кишвар табодули мол миёни Тоҷикистону Белорус дар 6 моҳи соли раовн дар муқоиса ба соли гузашта 62,4 фоиз афзоиш ёфтааст
2023-09-28T14:59+0500
2023-09-28T14:59+0500
2023-09-28T15:30+0500
дар тоҷикистон
белорус
табодули мол
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1c/1059655313_0:17:1693:969_1920x0_80_0_0_e22bbfdd09cbec9c4004228c52140eae.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус ба кор оғоз намуд.Дар кори ҷаласа Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати Беларус таҳти роҳбарии Вазири кишоварзӣ ва озуқавории ин кишвар Сергей Бартош, ҳамраиси қисми беларусии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус дар умури ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ иштирок доранд.Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, озуқаворӣ, илму маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, ҳифзи комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.Дар ин ҷаласа Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки солҳои охир муомилоти байни ду давлат афзуда, номгӯи молҳои фиристодашаванда васеъ гардид.Иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол бо Ҷумҳурии Беларус ду баробар афзуда, 89,4 млн доларро ташкил додааст. Дар ин давра ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Беларус 7,2 миллион доллар ва воридот аз Беларус ба Тоҷикистон 82,2 млн долларро ташкил додааст. Тоҷикистон асосан ба Беларус пахта, нах, мева ва меваҳои хушк содирот намудааст.“Ҳамзамон табодули мол байни ду давлат дар 6 моҳи соли раовн дар муқоиса ба соли 2022 62,4 фоиз афзоиш ёфт”, - таъкид кардааст Ҳакимзода.Ёдовар мешавем, Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус мақоми ҳамоҳангсоз ва машваратӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии муносибатҳои тиҷоратӣ байни ташкилоту ассотсиатсияҳои ду кишвар, инчунин муайянкунӣ ва рафъи монеаҳо дар роҳи тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷониба ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20230926/dushanbe-tavseai-hamkori-tijorat-iqtisod-tojikiston-belorus-1059586817.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1c/1059655313_189:0:1505:987_1920x0_80_0_0_70c471d5f6ae65345e3973137d919e81.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, белорус, табодули мол,афзоиш, тиыорат, ицтисод, савдо
тоыикистон, белорус, табодули мол,афзоиш, тиыорат, ицтисод, савдо
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши бесобиқаи табодули мол бо Белорус хабар дод
14:59 28.09.2023 (Навсозишуда: 15:30 28.09.2023) Ба иттилои мақомоти кишвар табодули мол миёни Тоҷикистону Белорус дар 6 моҳи соли раовн дар муқоиса ба соли гузашта 62,4 фоиз афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус ба кор оғоз намуд.
Дар кори ҷаласа Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати Беларус таҳти роҳбарии Вазири кишоварзӣ ва озуқавории ин кишвар Сергей Бартош, ҳамраиси қисми беларусии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус дар умури ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ иштирок доранд.
Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, озуқаворӣ, илму маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, ҳифзи комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Дар ин ҷаласа Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки солҳои охир муомилоти байни ду давлат афзуда, номгӯи молҳои фиристодашаванда васеъ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол бо Ҷумҳурии Беларус ду баробар афзуда, 89,4 млн доларро ташкил додааст. Дар ин давра ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Беларус 7,2 миллион доллар ва воридот аз Беларус ба Тоҷикистон 82,2 млн долларро ташкил додааст. Тоҷикистон асосан ба Беларус пахта, нах, мева ва меваҳои хушк содирот намудааст.
“Ҳамзамон табодули мол байни ду давлат дар 6 моҳи соли раовн дар муқоиса ба соли 2022 62,4 фоиз афзоиш ёфт”, - таъкид кардааст Ҳакимзода.
Ёдовар мешавем, Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус мақоми ҳамоҳангсоз ва машваратӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии муносибатҳои тиҷоратӣ байни ташкилоту ассотсиатсияҳои ду кишвар, инчунин муайянкунӣ ва рафъи монеаҳо дар роҳи тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷониба ба шумор меравад.