Дар Душанбе тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Белорус баррасӣ мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешФлаг Таджикистана и Белоруссии, архивное фото
Флаг Таджикистана и Белоруссии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Обуна шудан
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар Душанбе Анҷумани кории Тоҷикистон ва Беларус баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе 28 сентябри соли равон Анҷумани кории Тоҷикистон ва Беларус баргузор мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Анҷумани корӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва машваратӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии муносибатҳои тиҷоратӣ байни ташкилоту ассотсиатсияҳои Беларус ва Тоҷикистон, инчунин муайянкунӣ ва рафъи монеаҳо дар роҳи тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷониба ба шумор меравад.
Қайд карда шудааст, кит дар анҷуман баррасии масоили кунунии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии дуҷониба ва муаррифии ширкатҳои Беларус дар назар аст.
В авиадиспетчерской, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Иштироки Тоҷикистон ҷаласаи Белорус дар масоли низомӣ
Инчунин хабар дода шудааст, ки иштироккунандагон имкони гуфтушунидҳои хосса бо шарикони беларусиро доранд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ҷараёни ин ҷаласа баимзорасии якчанд санадҳои дуҷониба дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, байни Тоҷикистон ва Беларус зиёда аз 100 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0