Бар асари таркиш дар Тошканд як наврас кушта ва 162 нафар маҷрӯҳ шуданд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкПациент в больничной койке, архивное фото
Пациент в больничной койке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2023
Обуна шудан
Расман маълумоти дақиқ дар бораи қурбониён ва зарардидагони таркиш дар яке аз анборҳо дар ноҳияи Сергелии шаҳри Тошкандро нашр шуд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бар асари таркиш дар Тошканд, бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, як нафар кушта ва 162 нафар захмӣ шудаанд.
Дар он гуфта мешавад, ки як навраси соли таваллудаш 2006 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, бидуни нишонаҳои ҳаёт ба бемористон мунтақил шудааст.
Аз 162 нафар захмӣ ба 138 нафари онҳо ёрии амбулатории тиббӣ расонида шуда, дар ҳолати қаноатбахш ба хона фиристода шуданд.
Ҳамзамон 24 нафари дигар дар Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббӣ ва филиали он дар вилояти Тошканд, беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Тошканд бистарӣ шудаанд.
Взрыв в здании автосервиса в Махачкале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2023
Таркишу оташсӯзии мудҳиш дар як анбор дар Тошканд: тафсилот
Миёни онҳое, ки ба ин муассисаҳои тиббӣ бистарӣ шудаанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ надоранд.
Гуфта мешавад, ки барои расондани кӯмаки тиббӣ ба зарардидагон мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ — ҷарроҳон, травматологҳо, нейрохирургҳо, невропатологҳо ва дигар мутахассисон ҷалб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз соати 02:43 дар ноҳияи Сергели пойтахт дар анбори ширкати Inter Logistics таркиши шадид рух дод.
Ба иттилои мақомот, дар ин анбор акуммуляторҳо барои худравҳои нақлиётӣ нигоҳдорӣ мешуданд.
Лентаи хабарҳо
0