https://sputnik.tj/20230928/anbori-sanoati-toshkent-tarkish-tafsilot-1059646400.html
Таркишу оташсӯзии мудҳиш дар як анбор дар Тошканд: тафсилот
Таркишу оташсӯзии мудҳиш дар як анбор дар Тошканд: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари таркиши шадиди шабона дар анбори саноатии Тошканд, осебдидагон низ ҳастанд, ки ба онҳо кумаки зарурии тиббӣ расонида мешавад
2023-09-28T10:13+0500
2023-09-28T10:13+0500
2023-09-28T10:26+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ӯзбекистон
сӯхтор
таркиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0f/1058831619_0:57:1079:664_1920x0_80_0_0_32ea12247f4e521bc9e7c8c8b7716217.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар як анбори нигоҳдории аккумулятор барои мошинҳои худрав дар фурудгоҳи пойтахти Ӯзбекистон таркиши мудҳиш рух дод. Дар ин бора вазорати ҳолатҳои изтирории ҷумҳурӣ хабар дода, афзуд, бо вуҷуди наздик будани анбор ба Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд, дар ҷадвали парвозҳо тағйироте мушоҳида намешавад. Гуфта мешавад, ки сӯхтор бар асари таркиши сахт рух додааст. Аммо вазорати ҳолатҳои изтирорӣ таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса як гуруҳи вижа кор карда, иллати инфиҷорро мушаххас мекунад. Илова бар ин, бар асари таркиши шадиди шабона захмиён низ ҳастанд ва ба онҳо кӯмак расонида мешавад, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ. "Онҳое, ки бар асари сӯхтор осеб дидаанд, ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилии тиббӣ ва филиали он дар вилояти Тошканд интиқол ёфтанд", — хабар медиҳад Вазорати тандурустии Ӯзбекистон. Ин ниҳод тавзеҳ додааст, афроде, ки дар ин марказ бистарӣ шудаанд, осеби ҷиддӣ нагирифтаанд ва пизишкон ба онҳо тамоми кумакҳои зарурии пизишкӣ расонидаанд.
https://sputnik.tj/20230922/payomad-sukhtor-donishgohi-khujand-aks-1059543507.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0f/1058831619_60:0:1020:720_1920x0_80_0_0_1712e26333827c5927ea1b96f7ee2648.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таркиш оташсӯзӣ мудҳиш анбор тошканд тафсилот
таркиш оташсӯзӣ мудҳиш анбор тошканд тафсилот
Таркишу оташсӯзии мудҳиш дар як анбор дар Тошканд: тафсилот
10:13 28.09.2023 (Навсозишуда: 10:26 28.09.2023) Бар асари таркиши шадиди шабона дар анбори саноатии Тошканд, осебдидагон низ ҳастанд, ки ба онҳо кумаки зарурии тиббӣ расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар як анбори нигоҳдории аккумулятор барои мошинҳои худрав дар фурудгоҳи пойтахти Ӯзбекистон таркиши мудҳиш рух дод.
Дар ин бора вазорати ҳолатҳои изтирории ҷумҳурӣ хабар дода, афзуд, бо вуҷуди наздик будани анбор ба Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд, дар ҷадвали парвозҳо тағйироте мушоҳида намешавад.
"Дар бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бардурӯғ паҳн мешавад, ки ин ҳодиса дар натиҷаи суқути ҳавопаймо рух додааст. Ин хабар дуруст нест", - изҳор дошт Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ.
Гуфта мешавад, ки сӯхтор бар асари таркиши сахт рух додааст. Аммо вазорати ҳолатҳои изтирорӣ таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса як гуруҳи вижа кор карда, иллати инфиҷорро мушаххас мекунад.
Илова бар ин, бар асари таркиши шадиди шабона захмиён низ ҳастанд ва ба онҳо кӯмак расонида мешавад, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
"Онҳое, ки бар асари сӯхтор осеб дидаанд, ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилии тиббӣ ва филиали он дар вилояти Тошканд интиқол ёфтанд", — хабар медиҳад Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.
Ин ниҳод тавзеҳ додааст, афроде, ки дар ин марказ бистарӣ шудаанд, осеби ҷиддӣ нагирифтаанд ва пизишкон ба онҳо тамоми кумакҳои зарурии пизишкӣ расонидаанд.