Шӯрои муқовимати миллӣ: Масъалаи Афғонистон бо ҳузури як тараф дар Қазон ҳал намешавад

© Sputnik Московский формат консультаций по Афганистану
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2023
Обуна шудан
Шӯрои муқовимати миллӣ дар вокунишаш ба нишасти Қазон қайд кардааст, ки масаъли Афғонистон бо ҳузури як тарафи даргирӣ ҳал намешавад
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон дар вокунишаш ба нишасти Қазон навиштааст, ки таъмини амнияти ҷаҳонӣ зарурати ҳама кишварҳо буда ва сарнавишти ҳамаи башарият дар баробар падида шуми тероризм муштараку ҳамагон аз он осебпазиранд ва муқобила бо ин хатар масъулияти ҷомеаи ҷаҳон аст.
Ба бовари Шӯрои муқовимати миллӣ, гуруҳи толибон кишварро бо буҳрони ҷаддии мувоҷеҳи сохта ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро низ дер ё зуд дучори мушкилҳои ҷиддӣ хоҳад кард.
Ин Шӯро дар эъломияи худ хитоб ба сарони иҷлоси Формати Маскав нигошта: "Ҳар гуна роҳи ҳал барои буҳрони мавҷуди Афғонистон дар сурати амалӣ ва пойдор хоҳад буд, ки дар он ҳамаи тарафҳои қазияи Афғонистон иштирок дошта бошанд".
"Гурӯҳи толибон* дар беш аз дусоли гузашта нишон дод, ки на руҳияи мудоро бо мардуми Афғонистонро дорад ва ҳузури ҷараёнҳои сиёсиро мепазирад ва на ҳам зарфияти таъомул бо ҷомеъаи башариро дорад", - омадааст дар эъломияи Шӯро.
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Таъкид бар густариши равобити ҳамаҷониба дар дидор Муттақӣ ва намояндаи раисҷумҳури Русия
Ба гуфтаи чеҳраҳои зиди толибон* дар Туркия маҳрум кардани духтарон аз таҳсил ва таълим, манъи занон аз кор дар тамомии арсаҳо, саркуби додхоҳиҳо ва маҳсур кардани занон ҳазфи комили онон аз ҷомеъа, мисдоқи замони "апортоиди ҷинсиятӣ" аст.
Ин шӯрои ҳамчунин гуфта, ки табъизи норавои сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ низ бахше аз рафторҳои хилофи мавозини қонунӣ, инсонӣ ва ахлоқии гурӯҳи толибон* аст.
"Давоми ҳокимияти гурӯҳи ифротӣ ва террористии толибон* вазъияти Афғонистонро бештар аз пеши фоҷеъа бортар карда ва амнияти минтақаву ҷаҳонро низ бо хатари ҷаддӣ мувоҷеҳ месозад", - нигошта дар идома Шӯро.
Ин шӯро ба кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷомеъа ҷаҳон гуфта, ки "қазияи Афғонистон бо ҳузури як ҷонибӣ толибон ва бидуни иштироки намояндагони дигари аҳзобу эътилофҳои сиёсӣ ва мардуми Афғонистон қобили ҳал набуда, лизои ҳаргунаи тасмиму роҳи ҳал бояд бо ҳузури ҳамаи атрофи қазияи Афғонистон иттихоз шавад".
Ин шӯро аз сарони нишасти Маскав хоста, ки барои гуфтугӯ ҷомеаи миёни ҳамаи тарафҳои дохил дар қазияи Афғонистон, заминаи баргузории иҷлоси минтақавӣ бо ҳузури Созмони Милалро муҳайё то заминаи истиқрори сулҳ ва барпои низоми машруъи мардумсолор, фарогир ва одилона дар кишвар фароҳам гардад.
Шӯрои муқовимати миллӣ тасреҳ карда, ки толибон* бо ҳамаи гурӯҳҳои террористӣ ҳам кори наздик доранд ва Афғонистонро бори дигар "ба лонаи амни тероризм мубаддал сохтаанд".
Ин Шӯро дар идома афзудааст, ки шӯрои амнияти СММ таъйид кардааст, ки гурӯҳи толибон* ҳам чунон ба ҳимоят аз "созмонҳои террористӣ дар Афғонистон" идома медиҳаду фаъолият "гуруҳҳои террористии Алқоида* ТТП*, Ансоруллоҳи Тоҷикистон*, ҳаракати исломии Ӯзбекистон*, ETIP* ва беш аз 22 гуруҳи террористӣ" ба вижа дар шимолу ҷануби шарқи кишвар таҳти ҳимояти ин гурӯҳу ҳомиёнашон идома дорад.
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2023
Душанбе иштироки ҳайаташро дар мулоқоти Қазон дар мавриди Афғонистон тасдиқ кард
Ин шӯро изофа кард, ки ҳадаф аз ин ҷобаҷоӣ ва фаъолиятҳои террористӣ, ҳадафи қарор додани амнияти кишварҳое аст, ки намояндагони онон дар нишаст "Формти Маскав" ҳузур доранд.
Шӯрои муқовимати миллии ҳам чунин хотирнишон кард, ки "саркуб, боздошт, шиканҷа, маҳокими саҳроӣ, куштани неруҳои амниятӣ, террори кормандони давлати пешин, бар хилофи он чӣ толибон афви умумӣ эълом кардаанд; идома дорад ва аз дигар ҷиноёти башарии ин гурӯҳ толибон аст.
Ёдоварӣ мекунем, ки нишасти Формти Маскав қарор аст ба таърихи 29 сентябр дар шаҳи Қазони Русия баргузор шавад.
Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи гурӯҳи толибон* барои ширкат дар ин нишаст ба Русия омадааст.
* - гурӯҳ ё созмоне, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0