https://sputnik.tj/20230927/gustarishi-ravobit-didor-muttaqi-namoyanda-raisjumhuri-rusiya-1059628304.html
Таъкид бар густариши равобити ҳамаҷониба дар дидор Муттақӣ ва намояндаи раисҷумҳури Русия
Таъкид бар густариши равобити ҳамаҷониба дар дидор Муттақӣ ва намояндаи раисҷумҳури Русия
Sputnik Тоҷикистон
Сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати толибон дар гуфтугӯ бо намояндаи раисҷумҳури Русия густаришу истеҳкоми равобити ду кишварро муҳим хонд
2023-09-27T15:29+0500
2023-09-27T15:29+0500
2023-09-27T15:29+0500
афғонистон
дар русия
русия
ҳамкорӣ
равобит
тақвият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/17/1055719071_0:112:3076:1842_1920x0_80_0_0_7edfd69ab35a81a96a0b6c2a9097bf33.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати толибон Амирхон Муттақӣ бо намояндаи раисҷумҳури Русия Эделгериев Руслан Сайд-Хусайнович дидору гуфтугӯ кардДар эъломияе, ки дафтари матбуотии вазорати хориҷаи ҳукумати толибон* интишор намудааст гуфта шудааст, ки дар ин дидор оқои Муттақӣ ба густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ ва бардоштани гомҳои амалӣ дар арсаи тиҷорату ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф таъкид кард.Оқои Муттақӣ густаришу истеҳкоми равобити дутараф муҳим хонд.Ҳамчунон вазири умури хориҷаи толибон* ба ҷилавгирӣ ва муборза бо маводи мухаддир, дармони муътодин, таъмини амнияти саросарӣ, аз байн бурдани ДИИШ*, посдорӣ аз сарҳаддот ишора намуда онҳоро аз дастоварадҳои ҳукумат толибон* хонд.Ин дидор, дар сафари Муттақӣ ва ҳайати ҳукумати толибон*, ки расман ғарази ширкат дар формати Маскав даъват шудаанд, сурат гирифт.Ҳамчунон дар ин дидор Эдельгериев Руслан намояндаи Путин дастовардҳои ҳукумати толибонро* муҳим хонда ва ин иқдомотро қобил тақдир донист.Вай иброз омодагӣ кард, ки кишвараш дар арсаҳои мухталиф бо Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.Намояндаи раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки ҷаҳон бояд дар ҷараёни тасвири ҳақиқии пешрафтҳои Афғонистон қарор бигирад, то ҳамаи ҳақиқатҳоро бидонанд.Дар поён тарафайн аз ин нишаст абрози хушнудӣ карда ва масоили тағйири иқлим, омӯзиш, зироат, санъат ва варзишро низ мавриди баррасии қарор дода ва дар бораи сафарҳои дуҷониба ва густариши равобит байни Афғонистону Русия таъкид карданд.Ин дар ҳолест, ки пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати толибон* ин аввалин бор аст, ки аз ҳукумати толибон* бахотири ширкат дар як нишасти байналмилалӣ расман даъват мешавад.* - созмон ё гурӯҳе,ки барои амалҳои террористиаш зери таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230926/kobulof-eron-amriko-troykai-afghoniston-1059597142.html
афғонистон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/17/1055719071_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_20f5c598894e01ce4a440a9b563280ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, толибон, намояндаи раисҷумҳури русия
афғонистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, толибон, намояндаи раисҷумҳури русия
Таъкид бар густариши равобити ҳамаҷониба дар дидор Муттақӣ ва намояндаи раисҷумҳури Русия
Сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати толибон дар гуфтугӯ бо намояндаи раисҷумҳури Русия густаришу истеҳкоми равобити ду кишварро муҳим хонд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати толибон Амирхон Муттақӣ бо намояндаи раисҷумҳури Русия Эделгериев Руслан Сайд-Хусайнович дидору гуфтугӯ кард
Дар эъломияе, ки дафтари матбуотии вазорати хориҷаи ҳукумати толибон* интишор намудааст гуфта шудааст, ки дар ин дидор оқои Муттақӣ ба густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ ва бардоштани гомҳои амалӣ дар арсаи тиҷорату ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф таъкид кард.
Оқои Муттақӣ густаришу истеҳкоми равобити дутараф муҳим хонд.
Ҳамчунон вазири умури хориҷаи толибон* ба ҷилавгирӣ ва муборза бо маводи мухаддир, дармони муътодин, таъмини амнияти саросарӣ, аз байн бурдани ДИИШ*, посдорӣ аз сарҳаддот ишора намуда онҳоро аз дастоварадҳои ҳукумат толибон* хонд.
Ин дидор, дар сафари Муттақӣ ва ҳайати ҳукумати толибон*, ки расман ғарази ширкат дар формати Маскав даъват шудаанд, сурат гирифт.
Ҳамчунон дар ин дидор Эдельгериев Руслан намояндаи Путин дастовардҳои ҳукумати толибонро* муҳим хонда ва ин иқдомотро қобил тақдир донист.
Вай иброз омодагӣ кард, ки кишвараш дар арсаҳои мухталиф бо Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.
Намояндаи раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки ҷаҳон бояд дар ҷараёни тасвири ҳақиқии пешрафтҳои Афғонистон қарор бигирад, то ҳамаи ҳақиқатҳоро бидонанд.
Дар поён тарафайн аз ин нишаст абрози хушнудӣ карда ва масоили тағйири иқлим, омӯзиш, зироат, санъат ва варзишро низ мавриди баррасии қарор дода ва дар бораи сафарҳои дуҷониба ва густариши равобит байни Афғонистону Русия таъкид карданд.
Ин дар ҳолест, ки пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати толибон* ин аввалин бор аст, ки аз ҳукумати толибон* бахотири ширкат дар як нишасти байналмилалӣ расман даъват мешавад.
* - созмон ё гурӯҳе,ки барои амалҳои террористиаш зери таҳримҳои СММ қарор дорад.