Синфхонаҳои бе бом ва мизу курсиҳои сиёҳ: паёмади сӯхтори Донишгоҳи Хуҷанд – акс

© Камар АхрорПаёмади сӯхтори Донишгоҳи Хуҷанд
Паёмади сӯхтори Донишгоҳи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Бар асари оташсӯзӣ, ки дар бинои факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд рух дод, тахтаҳо, мизу курсӣ ва дигар ашёи таълимӣ сӯхтаву сиёҳ шудаанд
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Фаридун Ҳодибоев, котиби матбуотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон зарари расида аз ин ҳодисаро шарҳ дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ дар пайи оташсӯзӣ дар умум 1,8 миллион сомонӣ ҳаҷми зарар ҳисоб шудааст.

“Аз ин 1,5 миллион сомонӣ зарари бино ва беш аз 280 ҳазор сомонӣ зарари ашёи таълимӣ. Ин ҳанӯз зарари пешакӣ гуфта мешавад” - изҳор намуд, Ҳодибоев.

Сӯхтор дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шаби 20 сентябр тахмин соатҳои 1: 45 дақиқаи шаб рух додааст.
© Камар АхрорПаёмади сӯхтори Донишгоҳи Хуҷанд
Паёмади сӯхтори Донишгоҳи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Паёмади сӯхтори Донишгоҳи Хуҷанд
Мақомоти тафтишотӣ дар Суғд дирӯз эълон карданд, ки ин ҳодиса амали барқасдона буда, аз сӯи посбони бино содир шудааст.
Зимнан ба гуфтаи мақомот нисбати посбони бино бар асоси моддаи 255 (қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр) парванда боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 400 метри мураббаъ боми бинои таълими ва дасрсхонаҳо ба коми оташ рафта ба хокистар табдил ёфтаанд.
Мақомот барои хомӯш кардани алангаи оташ 13 мошини обпош аз шаҳру навоҳии Хуҷанд ва атрофи он сафарбар кардаанд.
© Камар АхрорПаёмади сӯхтори Донишгоҳи Хуҷанд
Паёмади сӯхтори Донишгоҳи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Паёмади сӯхтори Донишгоҳи Хуҷанд
Бо кӯмаки сӯхторнишонҳо беш аз 2 млн сомонӣ иншоот ва атрофи бино аз коми оташ наҷот дода шудааст.
Бар пояи иттилоъи мақомот давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 289 ҳодисаи сар задани сӯхтор дар шаҳру навоҳии Суғд ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамасола аз ҳисоби рӯхдоди чунин ҳодисаҳои нохуш даҳҳо миллион сомонии иморату иншоотҳо ба коми оташ мераванд.
Лентаи хабарҳо
0