Дар Новосибирски Русия консули генералии нав таъйин шуд: Ӯ кист?

© Сафорати Тоҷикистон дар РусияСафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Губернатори Новосибирск Андрей Травников
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Губернатори Новосибирск Андрей Травников  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия зимни сафари худ ба вилояти Новосибирски Русия шахсан консули нави генералии навтаъйинро ба мақомоти ин вилояти муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Зимни мулоқот сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори вилояти Новосибирски Русия Андрей Травников консули генералии навтаъйини кишварро дар шаҳри Новосибирск муаррифӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти сафорат ба ин вазифа Наҷмиддин Имомзода таъйин шудааст.
Бояд гуфт, ки ахиран сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Новосибирск сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафари худ бо роҳбарияти олии ин минтақа дидору гуфтугӯ кард дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия табодули афкор кард.
Встреча посла Таджикистана с Абдусаломом Саидовым отцом покойной Хувайдо Тиллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
Мулоқоти сафир бо падари Ҳувайдо пас аз эълони ҳукми қотил
Дар мулоқот тарафҳо масолили иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳиро баррасӣ карданд.
ҲАмзамон тарафҳо, ба масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҳам дар минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳам дар вилояти Новосибирск таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0