Мулоқоти сафир бо падари Ҳувайдо пас аз эълони ҳукми қотил

© Посольство Таджикистана в РоссииВстреча посла Таджикистана с Абдусаломом Саидовым отцом покойной Хувайдо Тиллозода
Встреча посла Таджикистана с Абдусаломом Саидовым отцом покойной Хувайдо Тиллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия ба вакили мудофеи хонаводаи Саидов барои анҷоми мурофиаи бобарор сипоснома тақдим кард
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия бо падари Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷ солаи тоҷик, ки соли 2018 дар Русия бо як бераҳмии махсус кушта шуд, вохӯрӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, афзуд, ки дар мулоқот ҳамчунин вакили мудофеъ Шавкат Умаров низ иштирок дошт.
Манбаъ меафзояд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо натиҷаи мурофиаи додгоҳиро баррасӣ карданд, ки бо қарори додгоҳ Александ Сёмин - гумонбари асосӣ дар ин қазия ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.
 Хувайдо Тиллозода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Эълони ҳукуми қотили Ҳувайдои 5 - сола дар Русия: падараш ҳабси абад мехоҳад
Гуфта мешавад, сафир ба вакили хонаводаи Саидов барои анҷоми бобарори мурофиаи додгоҳӣ сипоснома тақдим кард.
Қаблан, Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ҳукми эълоншуда розӣ нест ва ният дорад ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.
Бояд гуфт, қазияи қатли бераҳмонаи духтари тоҷик дар Русия наздики шаш сол боз идома дорад.
Гумонбари асосии ин ҳодисаи даҳшатбор - Алекчсанд Сёмин борҳо ба бегуноҳии худ пофишорӣ карда буд. Вакилони мудофиаш ӯро девона бароварданд, вале ташхис сиҳат будани ӯро тасдиқ кард.
Лентаи хабарҳо
0