https://sputnik.tj/20230922/sarboz-navisandai-konibodom-zindon-mahkum-1059546452.html
Сарбоз - нависандаи “КОНИБОДОМ” ба 5 соли зиндон маҳкум шуд
Сарбоз - нависандаи “КОНИБОДОМ” ба 5 соли зиндон маҳкум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сарбозе, ки мӯи сари гурӯҳе аз наваскаронро иҷборан тарошида дар фарқи сари онҳо бо яктогӣ ҳарф ҷамъ вожаи “Конибодом” навишта буд паси панҷараи зиндон рафт
2023-09-22T20:59+0500
2023-09-22T20:59+0500
2023-09-26T17:14+0500
дар тоҷикистон
сарбоз
маҳкум
зиндон
конибодом
қарори додгоҳ
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101693/70/1016937008_0:498:2756:2048_1920x0_80_0_0_e6bd6647c67f94fe3019e41a81308cc8.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Додгоҳи низомии шаҳри Хуҷанд сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов, зодаи шаҳри Конибодомро барои 5 сол аз озодӣ маҳрум намуд.Шоғуфрон Усмонзода, додраси додгоҳи низомӣ дар вақти қироати ҳукм гуфт, ки сержант Исмоилов дар вақти адои хизмати ҳарбӣ бо амалкарди худ ҳуқуқи наваскаронро нақз намуда онҳоро таҳқир намудааст.Ин сержанти хурд 29 сола ва сокини шаҳри Конибодом гуфта мешавад, ки як соли пеш дар замони адои хизмати ҳарби дар қисми ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара мӯи сари гурӯҳе аз навсарбозонро таришида ба сари ҳар кадоме ҳарфҳои “К, О, Н, И, Б, О, Д, О, М” навиштааст.Ёдовар мешавем, ки аксе бо навиштаҷоти “Конибодом” моҳи январи соли 2022 сабт шуда ва тобистони имсол он дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва даҳҳо ҳазор корбарон чунин амалкарди сержантро накӯҳиш намуданд.Судшаванда бо тарошидани мӯи сарбозон гуё тавонмандии худро нишон додан хостааст.Додгоҳ дар шарҳи содири ҳукм гуфтааст, ки Исмоилов дар вақти адои хизмат аз ваколатҳои худ берун баромада ва ҳуқуқу манфиятҳои наваскаронро нақз намудааст.Исмилов дар моҳи июни соли ҷорӣ аз ҷониби мақомт дастгир шуд.Дар пайи боздошти ӯ, прокуратураи генералии Тоҷикитсон тобистони имсол бо нашри як вокуниш воқеӣ будани ин аксро тасдиқ кард.Прокуратура навишт, ки рӯзи 14-уми январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи як қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов дар сари нуҳ сарбози навдаъватшуда “ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошид. Ӯ бо ин кор, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст.Меҳтарсолорӣ ва ё дедовшина дар қисмҳои низомии Тоҷикистон аз мавзӯъотест, ки дар бораи он вақтҳои дар шабакаҳои интернетӣ бештар аксу наворҳо роҳ меёбанд.
https://sputnik.tj/20230620/nisbat-serzhant-sartarosh-parvanda-jinoi-1057822137.html
конибодом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101693/70/1016937008_25:0:2756:2048_1920x0_80_0_0_6e3ba4eb357e5e66a7484506a5d6886d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сарбоз, конибодом, маҳкум, зиндон, иҷборан, тарошидан, сар, паси панҷара
тоҷикистон, сарбоз, конибодом, маҳкум, зиндон, иҷборан, тарошидан, сар, паси панҷара
Сарбоз - нависандаи “КОНИБОДОМ” ба 5 соли зиндон маҳкум шуд
20:59 22.09.2023 (Навсозишуда: 17:14 26.09.2023) Сарбозе, ки мӯи сари гурӯҳе аз наваскаронро иҷборан тарошида дар фарқи сари онҳо бо яктогӣ ҳарф ҷамъ вожаи “Конибодом” навишта буд паси панҷараи зиндон рафт
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Додгоҳи низомии шаҳри Хуҷанд сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов, зодаи шаҳри Конибодомро барои 5 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Шоғуфрон Усмонзода, додраси додгоҳи низомӣ дар вақти қироати ҳукм гуфт, ки сержант Исмоилов дар вақти адои хизмати ҳарбӣ бо амалкарди худ ҳуқуқи наваскаронро нақз намуда онҳоро таҳқир намудааст.
Исломов Муҳриддин Насимбоевич бо моддаи 391 қисми 1 и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳқор дониста шуда бо ин модда ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар калонияи низомаш умумӣ таъйин карда шавад” – эълон кард, додраси парванда.
Ин сержанти хурд 29 сола ва сокини шаҳри Конибодом гуфта мешавад, ки як соли пеш дар замони адои хизмати ҳарби дар қисми ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара мӯи сари гурӯҳе аз навсарбозонро таришида ба сари ҳар кадоме ҳарфҳои “К, О, Н, И, Б, О, Д, О, М” навиштааст.
Ёдовар мешавем, ки аксе бо навиштаҷоти “Конибодом” моҳи январи соли 2022 сабт шуда ва тобистони имсол он дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва даҳҳо ҳазор корбарон чунин амалкарди сержантро накӯҳиш намуданд.
Судшаванда бо тарошидани мӯи сарбозон гуё тавонмандии худро нишон додан хостааст.
Додгоҳ дар шарҳи содири ҳукм гуфтааст, ки Исмоилов дар вақти адои хизмат аз ваколатҳои худ берун баромада ва ҳуқуқу манфиятҳои наваскаронро нақз намудааст.
Исмилов дар моҳи июни соли ҷорӣ аз ҷониби мақомт дастгир шуд.
Дар пайи боздошти ӯ, прокуратураи генералии Тоҷикитсон тобистони имсол бо нашри як вокуниш воқеӣ будани ин аксро тасдиқ кард.
Прокуратура навишт, ки рӯзи 14-уми январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи як қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов дар сари нуҳ сарбози навдаъватшуда “ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошид.
Ӯ бо ин кор, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст.
Меҳтарсолорӣ ва ё дедовшина дар қисмҳои низомии Тоҷикистон аз мавзӯъотест, ки дар бораи он вақтҳои дар шабакаҳои интернетӣ бештар аксу наворҳо роҳ меёбанд.