https://sputnik.tj/20230926/jafarov-bemori-roh-nafas-ziyod-1059608960.html
Ҷаъфаров: бемориҳои роҳи нафас мавсимӣ зиёд мешаванд
Ҷаъфаров: бемориҳои роҳи нафас мавсимӣ зиёд мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вобаста ба мавсим, бемориҳои роҳҳои нафас дар қисмати Аврупо тезтар оғоз мешавад ва баъдан ба қисмати Осиё мегузарад, изҳор дошт мақомдори Тоҷикистон
2023-09-26T17:30+0500
2023-09-26T17:30+0500
2023-09-26T17:30+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
сироят
наврӯз ҷаъфаров
вазорати тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1d/1049610024_0:181:2997:1866_1920x0_80_0_0_7d5b1392199d4022f859fb70df3dfcba.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон вазъияти эпидемилогӣ пурра зери назорати табибон қарор дорад, аммо эҳтимоли афзоиши бемориҳои роҳҳои нафас мавҷуд аст. Ин нуктаро сардори Раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.Вай тавзеҳ дод, ки чун анъана бемориҳои сироятӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим авҷ мегиранд. Ӯ афзуд, ки тибқи маълумотҳо то кунун дақиқ нест, ки ин сироятҳо сатҳи авҷашон соли ҷорӣ то чӣ ҳад баланд мешаванд. "Вобаста ба мавсим, бемориҳои роҳҳои нафас дар қисмати Аврупо тезтар оғоз мешавад ва баъдан ба қисмати Осиё мегузарад. Дар робита ба ин мо вазъ дар Русия ва пасон дар кишварҳои минтақа ва ҳамсояро назорат мекунем", - афзуд номбурда. Мутахассис гуфт, ки дар такя ба чунин омӯзишҳо масъулини Тоҷикистон омодагии худро мегиранд ва ҳоло барои ин вақт доранд. "Дар умум мо омодагиро дар ин самт мегирем, чун эмгузаронии саросарӣ дар нақша нест. Агар ки ваксина ворид ҳам шуд як қишри муайяну осебпазирро алайҳи зуком эм мекунем", - таъкид кард Ҷаъфаров.Дар зимн мақомоти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҳеч ҳолати гирифторӣ ба коронавирус то ҳол ба қайд гирифта нашудааст.
https://sputnik.tj/20230926/afzoish-vaksinagiri-koronavirus-tojikiston-maqomot-1059604217.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1d/1049610024_132:0:2863:2048_1920x0_80_0_0_9b313e27c084133f5d078f82a808eee6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
авҷ, беморӣ, роҳҳо, нафас, тоҷикистон, осиё
авҷ, беморӣ, роҳҳо, нафас, тоҷикистон, осиё
Ҷаъфаров: бемориҳои роҳи нафас мавсимӣ зиёд мешаванд
Эксклюзив
Вобаста ба мавсим, бемориҳои роҳҳои нафас дар қисмати Аврупо тезтар оғоз мешавад ва баъдан ба қисмати Осиё мегузарад, изҳор дошт мақомдори Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон вазъияти эпидемилогӣ пурра зери назорати табибон қарор дорад, аммо эҳтимоли афзоиши бемориҳои роҳҳои нафас мавҷуд аст.
Ин нуктаро сардори Раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
Вай тавзеҳ дод, ки чун анъана бемориҳои сироятӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим авҷ мегиранд. Ӯ афзуд, ки тибқи маълумотҳо то кунун дақиқ нест, ки ин сироятҳо сатҳи авҷашон соли ҷорӣ то чӣ ҳад баланд мешаванд.
"Вобаста ба мавсим, бемориҳои роҳҳои нафас дар қисмати Аврупо тезтар оғоз мешавад ва баъдан ба қисмати Осиё мегузарад. Дар робита ба ин мо вазъ дар Русия ва пасон дар кишварҳои минтақа ва ҳамсояро назорат мекунем", - афзуд номбурда.
Мутахассис гуфт, ки дар такя ба чунин омӯзишҳо масъулини Тоҷикистон омодагии худро мегиранд ва ҳоло барои ин вақт доранд.
"Дар умум мо омодагиро дар ин самт мегирем, чун эмгузаронии саросарӣ дар нақша нест. Агар ки ваксина ворид ҳам шуд як қишри муайяну осебпазирро алайҳи зуком эм мекунем", - таъкид кард Ҷаъфаров.
Дар зимн мақомоти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҳеч ҳолати гирифторӣ ба коронавирус то ҳол ба қайд гирифта нашудааст.