https://sputnik.tj/20230926/afzoish-vaksinagiri-koronavirus-tojikiston-maqomot-1059604217.html
Афзоиши ваксинагирӣ алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон: Мақомот мегӯянд, худи вирус нест
Афзоиши ваксинагирӣ алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон: Мақомот мегӯянд, худи вирус нест
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамарӯза дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон бо муроҷиати худи шаҳрвандон то 1200 вояи зидди коронавирус гузаронида мешавад, мегӯянд мақомот
2023-09-26T15:59+0500
2023-09-26T15:59+0500
2023-09-26T15:59+0500
тандурустӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1e/1044534404_0:97:3072:1825_1920x0_80_0_0_70939917771227d7168c2eec778bba2f.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудаст, аммо ваксинагирӣ алайҳи ин маризӣ афзоиш ёфтааст. Ин нуктаро сардори Раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт. Ӯ гуфт, ахиран мақомоти кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия аз афзоиши ҳолатҳои гирифорӣ ба коронавирус хабар дода буданд ва мақомоти тоҷик низ вазъро пайгирӣ мекунад. "Хушбахтона ҳоло тибқи маълумотҳои озмоишгоҳҳое, ки назорати эпидемиологиро дар кишвар мебаранд, ягон ҳодисаи гирифторӣ ба қайд гирифта нашудааст", - гуфт Ҷаъфаров. Вай илова намуд, ки вазъ дар муассисаҳо ва сарҳад аз ҷониби мутахассисон таҳти назорат қарор дорад. Дар зимн ба гуфтаи Наврӯзов дар Тоҷикистон ҳолатҳои эмгузаронӣ зидди бемории коронавирус бештар шудааст. Ӯ гуфт, ҳамарӯза дар муассисаҳои тандурустии кишвар то 1200 вояи зидди коронавирус гузаронида мешавад ва ин танҳо бо дархосту муроҷиати шаҳрвандон сурат мегирад. Мақомдори Вазорати тандурустӣ афзуд, ки дар ҷумҳурӣ миқдори кофии захираи ваксина вуҷуд дорад ва феълан гирифтани он маҷбурӣ нест ва танҳо бо дархости шаҳрвандон амалӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20230907/tojikiston-emguzaroni-bemori-khatarnok-idoma-1059268193.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1e/1044534404_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_965a1ea8eb4fba96f0db338033b6ea61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коронавирус, мақомот, вазорат, наврӯз ҷаъфаров
тоҷикистон, коронавирус, мақомот, вазорат, наврӯз ҷаъфаров
Афзоиши ваксинагирӣ алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон: Мақомот мегӯянд, худи вирус нест
Эксклюзив
Ҳамарӯза дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон бо муроҷиати худи шаҳрвандон то 1200 вояи зидди коронавирус гузаронида мешавад, мегӯянд мақомот
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудаст, аммо ваксинагирӣ алайҳи ин маризӣ афзоиш ёфтааст.
Ин нуктаро сардори Раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
Ӯ гуфт, ахиран мақомоти кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия аз афзоиши ҳолатҳои гирифорӣ ба коронавирус хабар дода буданд ва мақомоти тоҷик низ вазъро пайгирӣ мекунад.
"Хушбахтона ҳоло тибқи маълумотҳои озмоишгоҳҳое, ки назорати эпидемиологиро дар кишвар мебаранд, ягон ҳодисаи гирифторӣ ба қайд гирифта нашудааст", - гуфт Ҷаъфаров.
Вай илова намуд, ки вазъ дар муассисаҳо ва сарҳад аз ҷониби мутахассисон таҳти назорат қарор дорад.
Дар зимн ба гуфтаи Наврӯзов дар Тоҷикистон ҳолатҳои эмгузаронӣ зидди бемории коронавирус бештар шудааст.
Ӯ гуфт, ҳамарӯза дар муассисаҳои тандурустии кишвар то 1200 вояи зидди коронавирус гузаронида мешавад ва ин танҳо бо дархосту муроҷиати шаҳрвандон сурат мегирад.
Мақомдори Вазорати тандурустӣ афзуд, ки дар ҷумҳурӣ миқдори кофии захираи ваксина вуҷуд дорад ва феълан гирифтани он маҷбурӣ нест ва танҳо бо дархости шаҳрвандон амалӣ мешавад.