https://sputnik.tj/20230924/suporish-prokuror-tojik-korrupsiya-qonun-1059557982.html
Супориш ба прокурорҳои тоҷик: даъват ба артиш бе коррупсия, дар доираи қонун сурат гирад
Супориш ба прокурорҳои тоҷик: даъват ба артиш бе коррупсия, дар доираи қонун сурат гирад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара дар Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ, масоили даъват ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ шуд
2023-09-24T11:55+0500
2023-09-24T11:55+0500
2023-09-24T11:55+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қонун
супориш
прокурор
даъват
хизмати ҳарбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042651358_0:44:1601:944_1920x0_80_0_0_3cf1e261d33c550bf2533ffa9d1725fb.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Ба прокуророни ҳарбии гарнизонҳои Тоҷикистон дастур дода шуд, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро таҳким бахшанд. Ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ин нукта дар ҷаласаи ҳайати мушовара дар Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ, масоили даъват ба хизмати ҳарбӣ таъкид гардид. Додситонҳои низомӣ дастур гирифтанд, ки назоратро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр созанду барои пешгирию бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои лозимӣ қабул намоянд.Талаб карда шуд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва аҳмияти мудофиавидошта дар мӯҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд иҷро гардад."Мақомоти масъули даъватро зарур аст, ки дар раванди баргузории чорабиниҳои даъватӣ бо масъулияти баланд амал намуда, даъвати дарпешистодаро дар мӯҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд иҷро намоянд", - омадааст дар итилоия. Фармони президент дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ 1 сентябри соли равон ба тасвиб расид. Даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон моҳҳои октяб ва ноябр давом хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20230601/khizmati-harbi-hifzi-khok-tojikiston-1057470264.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042651358_37:0:1458:1066_1920x0_80_0_0_891b374e34a14ed6936ffe184c31598b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, баррасӣ, тоҷикистон, қонун, хизмат, артиш
даъват, баррасӣ, тоҷикистон, қонун, хизмат, артиш
Супориш ба прокурорҳои тоҷик: даъват ба артиш бе коррупсия, дар доираи қонун сурат гирад
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара дар Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ, масоили даъват ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Ба прокуророни ҳарбии гарнизонҳои Тоҷикистон дастур дода шуд, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро таҳким бахшанд.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ин нукта дар ҷаласаи ҳайати мушовара дар Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ, масоили даъват ба хизмати ҳарбӣ таъкид гардид.
Додситонҳои низомӣ дастур гирифтанд, ки назоратро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр созанду барои пешгирию бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои лозимӣ қабул намоянд.
Талаб карда шуд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва аҳмияти мудофиавидошта дар мӯҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд иҷро гардад.
"Мақомоти масъули даъватро зарур аст, ки дар раванди баргузории чорабиниҳои даъватӣ бо масъулияти баланд амал намуда, даъвати дарпешистодаро дар мӯҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд иҷро намоянд", - омадааст дар итилоия.
Фармони президент дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ 1 сентябри соли равон ба тасвиб расид.
Даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон моҳҳои октяб ва ноябр давом хоҳад кард.