Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ҳифзи хок: Тоҷикистон бархе қонунҳояшро тағйир медиҳад

© Пресс-служба Президента РТМаҷлиси навбатии ҳукумат
Маҷлиси навбатии ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи баррасии тарҳҳои тағйирот ба бархе аз қонунҳо ва кодексҳои кишварро тасдиқ намуда, ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудаст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент, Эмомалӣ Раҳмон бархе меъёрҳои қонунгузории кишварро баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷлиси ҳукумат баъди муҳокима 4 лоиҳаи қонун ва 8 хулосаи ҳукумати он барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Аз ҷумла тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, иловаҳо ба қонун дар бораи маориф ва қонун дар бораи назорати содиротро муҳокима кардаанд.
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2023
Посухи раёсати Хадамоти алоқа дар парлумон: супориши президент дар бораи интернет чӣ шуд?
Дар баробари хулосаи ҳукумат ба тағйирот дар Кодекси тандурустии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи забони давлатии ҷумҳурӣ, қонун дар бораи мукофотҳои давлатӣ ва қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ пешниҳод шудааанд.
Ҳукумат ҳамчунин хулосаашро дар мавриди тағйирот ба қонун дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ, қонун дар бораи занбӯриасалпарварӣ, қонун дар бораи бораи зотпарварӣ ва қонун дар бораи ҳифзи хокро ба миён гузоштаст.
Инчунин ҳукумати Тоҷикистон як қатор барномаҳоро қабул кардааст, ки Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ барои солҳои 2023-2027 аз ҷумлаи онҳост.
Санадҳои дигари қабулгардида Барномаи рушди парвариши павловния дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2024-2028, дар бораи Ҷоизаи ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ ва дар бораи андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0