https://sputnik.tj/20230620/nisbat-serzhant-sartarosh-parvanda-jinoi-1057822137.html
Конибодом дар сари сарбозон: нисбати сержантҳои сартарош парвандаи ҷиноӣ боз шуд
Конибодом дар сари сарбозон: нисбати сержантҳои сартарош парвандаи ҷиноӣ боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ду сержанти қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба таҳқири 9 сарбози як қисми низомии Исфара, ки дар сарашон Конибодом тасвир карда буданд, муттаҳҳам мешаванд
2023-06-20T19:36+0500
2023-06-20T19:36+0500
2023-06-20T19:36+0500
парвандаи ҷиноӣ
додситонии кулл
артиш
қувваҳои мусаллаҳ
дар тоҷикистон
исфара
конибодом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/14/1057821882_0:0:507:286_1920x0_80_0_0_aec5d9ffe78391d12014c3102762b84c.png
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Нисбати ду сержанти хурди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо моддаи 391 қисми 1 кодекси ҷиноӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.Дар ин бора, Додситонии кулли кишвар хабар дода, афзудааст, ки таҳқиқи ҳодиса пас аз расонаӣ шудани акси сарбозон бо тасвири номи Конибодом дар шабакаҳои иҷтимоӣ, оғоз шудааст.Ҳамин тавр, муайян шудааст, ки 14 январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд, уҳдадор гардидааст, ки тибқи талабот мӯйи сарбозонро кам карда, тартиб ва намуди зоҳирии онҳоро ба низом дарорад.Номбурда бархилофи талаботҳои Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳ худро ба нуҳ нафар сарбозони навдаъватшуда, ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда, онҳоро таҳқир кардааст.Ӯ қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозон, таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст.Ҳамин тавр, муттаҳам бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти дигар ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст. Акси мазкурро баъди аъдои хизмати ҳарбӣ 15 июни соли 2023 сержанти аксбардор, ҳамчун воситаи таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод моҳи майи имсол як афсар ва ҳафт сарбози собиқро барои латукӯби наваскарон дар қисми низомии Нерӯҳои марзбонии КДАМ гунаҳкор дониста ва аз 9 то 11 сол зиндонӣ кард.
https://sputnik.tj/20230531/eloni-hukmi-afsaronu-sarbozon-latukubi-navaskaron-1057461902.html
исфара
конибодом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/14/1057821882_0:0:507:380_1920x0_80_0_0_5a02474b30459b872efaf8603f4676ec.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сержантҳои "сартарош", парвандаи ҷиноӣ,
сержантҳои "сартарош", парвандаи ҷиноӣ,
Конибодом дар сари сарбозон: нисбати сержантҳои сартарош парвандаи ҷиноӣ боз шуд
Ду сержанти қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба таҳқири 9 сарбози як қисми низомии Исфара, ки дар сарашон Конибодом тасвир карда буданд, муттаҳҳам мешаванд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Нисбати ду сержанти хурди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо моддаи 391 қисми 1 кодекси ҷиноӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар ин бора, Додситонии кулли кишвар хабар дода, афзудааст, ки таҳқиқи ҳодиса пас аз расонаӣ шудани акси сарбозон бо тасвири номи Конибодом дар шабакаҳои иҷтимоӣ, оғоз шудааст.
Ҳамин тавр, муайян шудааст, ки 14 январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд, уҳдадор гардидааст, ки тибқи талабот мӯйи сарбозонро кам карда, тартиб ва намуди зоҳирии онҳоро ба низом дарорад.
Номбурда бархилофи талаботҳои Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳ худро ба нуҳ нафар сарбозони навдаъватшуда, ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда, онҳоро таҳқир кардааст.
Ӯ қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозон, таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст.
Ҳамин тавр, муттаҳам бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти дигар ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст.
Акси мазкурро баъди аъдои хизмати ҳарбӣ 15 июни соли 2023 сержанти аксбардор, ҳамчун воситаи таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод моҳи майи имсол
як афсар ва ҳафт сарбози собиқро барои латукӯби наваскарон дар қисми низомии Нерӯҳои марзбонии КДАМ гунаҳкор дониста ва аз 9 то 11 сол зиндонӣ кард.