https://sputnik.tj/20230922/az-kiev-dast-mekashand-ima-taqdiri-ukrainaro-guft-1059535043.html
Аз Киев даст мекашанд: ИМА тақдири Украинаро гуфт
Аз Киев даст мекашанд: ИМА тақдири Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгари собиқи Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) гуфт дар фасли зимистон Украина бе гармӣ ва барқ мемонад
2023-09-22T16:32+0500
2023-09-22T16:32+0500
2023-10-02T18:14+0500
украина
има
дар ҷаҳон
зимистон
сиёсат
киев
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046215638_0:269:3163:2048_1920x0_80_0_0_b6715b8184218e686ff0c5779ac5989c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Таҳлилгари собиқи CIA Ларри Ҷонсон дар як мусоҳибааш гуфт, ки Украина ба зимистони сард бидуни гармӣ ва барқ рӯ ба рӯ хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.Вай таъкид кард, ки дар чунин шарои украинҳоро маҷбур мешаванд, шаҳрҳои худро тарк намоянд.Ба гуфтаи ин коршинос, зимистони оянда барои Украина бисёр душвор хоҳад буд.Вай илова кард, ки артиши Украина захираҳо барои иваз кардани сарбозони кушташуда дар набардҳо надорад ва шаҳрҳои бузург аз гармӣ ва барқ маҳрум хоҳанд шуд.Вай иддао дорад, ки муноқиша пас аз тамом шудани имконоти Украина хотима хоҳад ёфт, зеро ин кишвар наметавонад ҷангро идома диҳад.Қаблан The Wall Street Journal навишта буд, ки борон ва баъдан боридани барф ба артиши Украина барои убури хати дифои артиши Русия халал мерасонад.Нерӯҳои украинӣ моҳи чорум аст, ки дар самтҳои Южнодонетск, Артемовск ва Запорожие ҳамлаи ҷавобӣ анҷом дода, сарбозони тамринкардаи НАТО муҷаҳҳаз бо тонку тупи хориҷӣ ба хати ҷанг равон кардааст. Аммо, чунон ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қайд кард, дар ин муддат онҳо натавонистанд ягон натиҷае бирасанд.Коршиносони низомии бахусус ғарбиҳо самаранокии дифоии Русияро қайд мекунанд, ки ба артиши Украина талафоти ҷиддӣ расонидааст.
https://sputnik.tj/20230921/patrushev-hamla-chavobi-ukraina-artishi-marg-tela-1059516521.html
украина
има
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046215638_257:0:2988:2048_1920x0_80_0_0_e1b73f12e34bfea8cae721a31fb17291.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, има, тақдир, зимистон, созмони иттилооти марказии амрико (cia)
украина, русия, има, тақдир, зимистон, созмони иттилооти марказии амрико (cia)
Аз Киев даст мекашанд: ИМА тақдири Украинаро гуфт
16:32 22.09.2023 (Навсозишуда: 18:14 02.10.2023) Таҳлилгари собиқи Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) гуфт дар фасли зимистон Украина бе гармӣ ва барқ мемонад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Таҳлилгари собиқи CIA Ларри Ҷонсон дар як мусоҳибааш гуфт, ки Украина ба зимистони сард бидуни гармӣ ва барқ рӯ ба рӯ хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Вай таъкид кард, ки дар чунин шарои украинҳоро маҷбур мешаванд, шаҳрҳои худро тарк намоянд.
"Бе гармӣ ва барқ, онҳо маҷбур мешаванд, ки шаҳрҳои калон, аз ҷумла Киев ва Лвовро тарк кунанд", - қайд кард коршинос.
Ба гуфтаи ин коршинос, зимистони оянда барои Украина бисёр душвор хоҳад буд.
Вай илова кард, ки артиши Украина захираҳо барои иваз кардани сарбозони кушташуда дар набардҳо надорад ва шаҳрҳои бузург аз гармӣ ва барқ маҳрум хоҳанд шуд.
Вай иддао дорад, ки муноқиша пас аз тамом шудани имконоти Украина хотима хоҳад ёфт, зеро ин кишвар наметавонад ҷангро идома диҳад.
"Зимистон марҳилаи ҳалкунанда хоҳад буд", - гуфт Ҷонсон.
Қаблан The Wall Street Journal навишта буд, ки борон ва баъдан боридани барф ба артиши Украина барои убури хати дифои артиши Русия халал мерасонад.
Нерӯҳои украинӣ моҳи чорум аст, ки дар самтҳои Южнодонетск, Артемовск ва Запорожие ҳамлаи ҷавобӣ анҷом дода, сарбозони тамринкардаи НАТО муҷаҳҳаз бо тонку тупи хориҷӣ ба хати ҷанг равон кардааст. Аммо, чунон ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қайд кард, дар ин муддат онҳо натавонистанд ягон натиҷае бирасанд.
Коршиносони низомии бахусус ғарбиҳо самаранокии дифоии Русияро қайд мекунанд, ки ба артиши Украина талафоти ҷиддӣ расонидааст.