Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Патрушев дар бораи ҳамлаи чавобии Украина: артиши худро ба марг тела медиҳанд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Федератсия Русия бар ин назар таст, ки Украина бо ҳамлаи ҷавобӣ коре карда наметавонад, ҷуз фиристодани сарбозҳояш ба марг
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, ҳамлаи ҷавобии Украинаро бемаънӣ номид ва гуфт, ки режими Киев артиши худро ба дами марг тела медиҳад.
"Новобаста аз талафоти зиёди инсонӣ, он як ҳамлаи бемаънии ҷавобиро идома медиҳад ва украинҳоро ба марги мутлақ меандозад", - гуфт Патрушев дар посух ба суоли хабарнигорон.
Ба гуфтаи вай, маблағи бузург ба ҷайби режими Киев ворид мешавад, ки барои хушнудии амрикоиҳо мардуми Украинаро бо ҳар васила несту нобуд мекунад.
Амалиёти ҷавобии Украина рӯзи 4 июн оғоз шуд ва пас аз се моҳ Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки "ҳамлаҳои ҷавобӣ" на танҳо мутаваққиф шудаанд, балки "ин нокомӣ аст".
Ба гуфтаи ӯ, дар талоши “ба ҳар қимате ба даст овардани натиҷа” Украина 71,5 ҳазор низомии худро аз даст дод, гӯё “инҳо мардуми онҳо нестанд”.
Ба гуфтаи Сергей Шойгу, вазири дифоъ, нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳеҷ кадоме аз манотиқ ба ҳадафҳои худ нарасидаанд.
Украинский военнослужащий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дақиқ шуд, ки зарбаи хунин ба бозори Константиновкаро худи артиши Украина задааст
Аз ҳама гармтарини хатҳои ҷабҳа Запороже, дар наздикии деҳаи хурди Работино мебошад, ки дар он ҷо Украина аз захираҳои стратегӣ бригадаҳои ҷангиро бо таълими ғарбӣ овард, ки ба ҷуз аз талаф дигар чизе надоштанд
Дар миёни 18 ҳазор воҳиди таҷҳизоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина, тонкҳои "Leopard"-и олмонӣ, тонкҳои AMX-и фаронсавӣ, дастикам як мошини ҷангии бритониёии Challenger 2 ва зиреҳпӯши амрикоии Bradley буданд.
Ҳамагӣ 543 танк нобуд карда шуд - онҳо бояд қувваи асосии зарбазанандаи артиши Украина мебуданд, аммо, тавре ки президенти Русия қайд кард, онҳо ҳоло "зебо месузанд".
Дар ин замина Иёлоти Муттаҳида изҳор дошт, ки ҳамла "моҳҳои бештар" идома хоҳад кард ва ба таъмини Қувваҳои мусаллаҳи Укройн шурӯъ кард.
Путин дар навбати худ қайд кард, ки таъмини мушакҳои хӯшаӣ дар майдони набард барои Украина чизеро тағир надодааст.
Лентаи хабарҳо
0