ВАО: Пентагон ба артиши Украина зарба задан ба ҳудуди Русия бо силоҳи амрикоиро манъ кард

© AFP 2023 / DANIEL SLIMПентагон, штаб-квартира Министерства обороны США, расположенный в округе Арлингтон, через реку Потомак от Вашингтона, округ Колумбия
Пентагон, штаб-квартира Министерства обороны США, расположенный в округе Арлингтон, через реку Потомак от Вашингтона, округ Колумбия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Обуна шудан
Рӯзномаи “Washington Post” менависад, ки Пентагон ба артиши Украина истифодаи силоҳи амрикоиро барои ҳамлаҳо дар Русия манъ кардааст
ДУШАНБЕ 21 сен – Sputnik. Раҳбари ситоди муштараки Пентагон Марк Миллӣ пас аз ҳамлаи паҳподҳо ба Кремл ба фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний аз истифодаи силоҳи ИМА барои зарба задан ба хоки Русия ҳушдор дод, навиштааст шореҳи рӯзномаи Washington Post Дэвид Игнатиус.
Тавре оқои Игнатиус кайд кардааст, Миллӣ дар вакти мунокиша байни Русия ва Украина бо Залужний ҳамкории зич дошт.
"Пас аз он ки низомиёни украинӣ дар соли 2023 як паҳподро ба Кремл партоб карданд, Миллӣ ба Залужний ҳушдор дод, ки артиши Украина дар ҳамлаҳои шабеҳ дар дохили Русия аз силоҳҳои амрикоӣ истифода набаранд", - таъкид кардааст шореҳ дар истинод ба манобеъи номаълум.
Шореҳ инчунин назари Миллиро дар интиқоли силоҳ ба Украина, аз ҷумла дар масъалаи таъмини системаҳои мушакандози чандгонаи HIMARS ва ҷангандаҳои F-16 бархӯрди оқилона хонд.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Патрушев дар бораи ҳамлаи чавобии Украина: артиши худро ба марг тела медиҳанд
Дафтари матбуоти Кремл хабар дод, ки режими Киев шаби 3 май кӯшиши кард тавасути паҳпод ба қароргоҳи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Кремл ҳамла анҷом диҳад. Ду паҳпод нобуд карда шуданд. Дар натиҷа касе осеб надидааст ва хисороти молӣ ҳам нарасидааст. Песков дертар ба РИА Новости гуфт, ки сарвари давлат дар замон ҳодиса дар Кремл набуд.
Русия қаблан дар мавриди интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина “бо оташ бозӣ мекунанд”. Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳи Ғарб ба Украина ба муваффақияти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0