Раиси парлумони Тоҷикистон ба Кореяи ҷанубӣ меравад

© Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони ТоҷикистонРаиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2023
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар садри як ҳайати баландпояи парлумонӣ барои иштирок дар ҳамоиши вакилони мардумӣ ба Сеул меравад
ДУШАНБЕ, 18 сен – Sputnik. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ, Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари серӯза озими Кореяи Ҷанубӣ хоҳад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сафари ҳайат рӯзҳои 18-20 сентябри соли равон дар назар мебошад.
Таъкид шудаст, ки ҳадафи сафар иштирок Конфронси якуми раисони парлумонҳои давлатҳои "Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея" дар шаҳри Сеул мебошад.
Зокирзода ба ин ҳамоиш бо даъвати раиси Маҷлиси миллии Корея Ким Ҷин Пё меравад, афзуд манбаъ.
Цветы в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2023
То Сирк: метрои Душанбе аз кадом маҳалҳо хоҳад гузашт?
Ҳамчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода низ дар ин сафар Зокирзодаро ҳамроҳӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан як ҳайати баландпояи парлумонии Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон омада, бо роҳбарияти кишвар таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Мақомоти Тоҷикистону Корея аз ҷумла ҳамкориҳоро дар бахши ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, энержӣ, нақлиёт, бонк ва сайёҳӣ ояндадор арзёбӣ мекунанд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар моҳи апрели соли 1992 барқарор шуда, ҷонибҳо талош доранд, ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мубодилаи кадрҳо ва дигар соҳаҳоро мунтазам рушд диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0