https://sputnik.tj/20230902/to-sirk-metroi-dushanbe-az-kadom-mahalho-khohad-guzasht-1059185690.html
То Сирк: метрои Душанбе аз кадом маҳалҳо хоҳад гузашт?
То Сирк: метрои Душанбе аз кадом маҳалҳо хоҳад гузашт?
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон якҷоя бо шаҳрдории Душанбе масоили мухталифи марбути бунёди метроро омӯхта масири мувофиқро интихоб кардаанд
2023-09-02T12:09+0500
2023-09-02T12:09+0500
2023-09-02T12:09+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
метро
душанбе
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103100/36/1031003609_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_4d6dad8fa8e7aec59a7de7bec226ad2e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Қитъаи роҳи аз самти Дарвозаи ҷанубӣ то Сирки давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои сохтмони метрои сабуку босуръати рӯизаминӣ мувофиқ арзёбӣ шудааст. Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дарозии ин масир беш аз 10 км-ро ташкил дода, аз нигоҳи релефу дигар омилҳо барои бунёди метро мувофиқ мебошад. Таъкид шуд, ки ахиран барои маблағгузории корҳои омӯзишии пешакӣ ва Асосноккунии техникиву иқтисодии сохтмони метро дар Душанбе бо Бонки содиротиву воридотии Кореяи Ҷанубӣ мувофиқа шудааст. Масъулини нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ҳамчунин Бонки содиротиву воридотӣ ваъда доданд, ки дар баробари корҳои омӯзишии пешакӣ, таҳияи муфассали тарҳи метроро низ маблағгузорӣ мекунанд. Тавзеҳ дода шуд, ки ин танҳо марҳилаи омодагӣ буда, бунёди метро марҳилаҳои зиёдро аз тарҳу сохтмон то нигоҳдорию танзимро дар бар мегирад. Маврид ба зикр аст, ки ахиран Вазорати нақлиёт ва Ширкати миллии роҳи оҳани Кореяи Ҷанубӣ ёддошти тафоҳум оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанберо ба имзо расонида буданд. Нияти мақомоти Тоҷикистон барои бунёди метро дар ҳолест, ки бо мурури афзоиши аҳолӣ талабот ба нақлиёти ҷамъиятӣ низ афзоиш ёфтааст. Баъзан сокинону меҳмонони Душанбе аз камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ дар роҳҳои пойтахт шикоят мекунанд.
https://sputnik.tj/20230830/oghoz-sentyabr-talabot-naqliyot-dushanbe-omoda-1059125994.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103100/36/1031003609_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_c75395444fa3f17487230e32386796cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тафсилот, сохтмон, метро, душанбе, интихоб
тафсилот, сохтмон, метро, душанбе, интихоб
То Сирк: метрои Душанбе аз кадом маҳалҳо хоҳад гузашт?
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон якҷоя бо шаҳрдории Душанбе масоили мухталифи марбути бунёди метроро омӯхта масири мувофиқро интихоб кардаанд
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Қитъаи роҳи аз самти Дарвозаи ҷанубӣ то Сирки давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои сохтмони метрои сабуку босуръати рӯизаминӣ мувофиқ арзёбӣ шудааст.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дарозии ин масир беш аз 10 км-ро ташкил дода, аз нигоҳи релефу дигар омилҳо барои бунёди метро мувофиқ мебошад.
Таъкид шуд, ки ахиран барои маблағгузории корҳои омӯзишии пешакӣ ва Асосноккунии техникиву иқтисодии сохтмони метро дар Душанбе бо Бонки содиротиву воридотии Кореяи Ҷанубӣ мувофиқа шудааст.
Масъулини нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ҳамчунин Бонки содиротиву воридотӣ ваъда доданд, ки дар баробари корҳои омӯзишии пешакӣ, таҳияи муфассали тарҳи метроро низ маблағгузорӣ мекунанд.
Тавзеҳ дода шуд, ки ин танҳо марҳилаи омодагӣ буда, бунёди метро марҳилаҳои зиёдро аз тарҳу сохтмон то нигоҳдорию танзимро дар бар мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Вазорати нақлиёт ва Ширкати миллии роҳи оҳани Кореяи Ҷанубӣ ёддошти тафоҳум оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанберо ба имзо расонида буданд.
Нияти мақомоти Тоҷикистон барои бунёди метро дар ҳолест, ки бо мурури афзоиши аҳолӣ талабот ба нақлиёти ҷамъиятӣ низ афзоиш ёфтааст. Баъзан сокинону меҳмонони Душанбе аз камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ дар роҳҳои пойтахт шикоят мекунанд.