https://sputnik.tj/20230918/rahmon-shirkat-jalasa-smm-muloqot-bayden-1059441912.html
Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи СММ ва мулоқот бо Байден ба Ню-Йорк рафт
Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи СММ ва мулоқот бо Байден ба Ню-Йорк рафт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ карда ва нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - ИМА иштирок хоҳад кард 18.09.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-09-18T09:43+0500
2023-09-18T09:43+0500
2023-09-18T10:04+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
има
ҷо байден
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102951/72/1029517273_0:0:2610:1469_1920x0_80_0_0_bba2df8004e8487a7ed254ececf67751.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафт.Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кишвардорро Рустами Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.Ҳамҷунин дар ҳошияи ин иҷлос қарор аст вай дар вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - ИМА” ширкат кунад.Қаблан хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба ин чорабинӣ даъват шудааст.Дар ин сафар президентро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Ин сафар қарор аст, то 21 сентябр давом кунад.Ёдовар мешавем, нишасти сарони “Осиёи Марказӣ ва ИМА” (С5+1) як платформаи муколама ва талошҳои муштараки ИМА ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад.Дар чунин шакл ин нишаст барои нахустин бор дар Самарқанд, дар моҳи ноябри соли 2015 ташкил шуда буд. Қаблан ин нишаст дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуданд. Аммо соли равон бори аввал аст, ки мулоқоти мазкур дар сатҳи руасои ҷумҳур баргузор мешавад.Интизор меравад, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи марказӣ ва ИМА дар масоили амният, иқтисод ва муҳити зист табодули назар кунанд.Нишасти охирини вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли “С5+1” рӯзи 28 феврал дар Остона баргузор шуд. Он замон ҷонибҳо тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодиро ҳам миёни кишварҳои минтақа ва ҳам бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карда буднд.
https://sputnik.tj/20230830/tojikiston-nishasti-saroni-osiyoi-markazi-ima-davat-1059126473.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102951/72/1029517273_130:0:2442:1734_1920x0_80_0_0_2a3618c80069471264e3c11d08ffdea2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон ҷаласа смм мулоқот байден ню-йорк
раҳмон ҷаласа смм мулоқот байден ню-йорк
Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи СММ ва мулоқот бо Байден ба Ню-Йорк рафт
09:43 18.09.2023 (Навсозишуда: 10:04 18.09.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ карда ва нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - ИМА иштирок хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 18 сен – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кишвардорро Рустами Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.
Ҳамҷунин дар ҳошияи ин иҷлос қарор аст вай дар вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - ИМА” ширкат кунад.
Қаблан хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба ин чорабинӣ даъват шудааст.
Дар ин сафар президентро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ин сафар қарор аст, то 21 сентябр давом кунад.
Ёдовар мешавем, нишасти сарони “Осиёи Марказӣ ва ИМА” (С5+1) як платформаи муколама ва талошҳои муштараки ИМА ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар чунин шакл ин нишаст барои нахустин бор дар Самарқанд, дар моҳи ноябри соли 2015 ташкил шуда буд. Қаблан ин нишаст дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуданд. Аммо соли равон бори аввал аст, ки мулоқоти мазкур дар сатҳи руасои ҷумҳур баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи марказӣ ва ИМА дар масоили амният, иқтисод ва муҳити зист табодули назар кунанд.
Нишасти охирини вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли “С5+1” рӯзи 28 феврал дар Остона баргузор шуд. Он замон ҷонибҳо тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодиро ҳам миёни кишварҳои минтақа ва ҳам бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карда буднд.