https://sputnik.tj/20230830/tojikiston-nishasti-saroni-osiyoi-markazi-ima-davat-1059126473.html
Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА даъват шуд
Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА даъват шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи кишвар хабар додааст, ки Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида даъватнома дарёфт кард
2023-08-30T12:59+0500
2023-08-30T12:59+0500
2023-08-30T19:30+0500
дар тоҷикистон
даъватнома
нишаст
сарон
осиёи марказӣ
има
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_2e6a2a5a669444869b82ca9ddc0666f8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шакли C5+1 даъватнома дарёфт кард, аммо то ҳол тасмим дар ин бора гирифта нашудааст, гуфт муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ зимни нишасти хабарӣ. “Дар мавриди мулоқоте, ки дар Иёлоти Муттаҳида дар назар аст, бале, мо даъватномаи дахлдор дарёфт кардем, ин масъала ҳоло дар ҳоли баррасӣ аст, то ҳол дар ин бора тасмим гирифта нашудааст", - гуфт ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон. Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки рӯзи 22 август Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи кишвар дар Душанбе бо Гари Питерс, раиси Кумитаи сенати ИМА дар умури амнияти миллӣ ва корҳои ҳукумат мулоқот кард.Тарафҳо зимни мулоқот муносибатҳои дуҷониба миёни ИМА ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд.Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев рӯзи 23 август хабар дод, ки зимни сафари оқои Петерс ба Қазоқистон раҳбари кишвар аз номи президенти ИМА Ҷо Байден барои иштирок дар нахустин нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА даъватнома гирифт.
https://sputnik.tj/20230530/ima-muboriza-rasonaho-rusiya-tojikiston-millionho-kharj-1057441039.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_db40810332627bbeb524a76379a079d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, има, даъватнома, раисҷумҳур, нишаст сарони осиёи марказӣ ва има, вазири хориҷа
тоҷикистон, има, даъватнома, раисҷумҳур, нишаст сарони осиёи марказӣ ва има, вазири хориҷа
Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА даъват шуд
12:59 30.08.2023 (Навсозишуда: 19:30 30.08.2023) Вазорати хориҷаи кишвар хабар додааст, ки Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида даъватнома дарёфт кард
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шакли C5+1 даъватнома дарёфт кард, аммо то ҳол тасмим дар ин бора гирифта нашудааст, гуфт муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ зимни нишасти хабарӣ.
“Дар мавриди мулоқоте, ки дар Иёлоти Муттаҳида дар назар аст, бале, мо даъватномаи дахлдор дарёфт кардем, ин масъала ҳоло дар ҳоли баррасӣ аст, то ҳол дар ин бора тасмим гирифта нашудааст", - гуфт ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки рӯзи 22 август Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи кишвар дар Душанбе бо Гари Питерс, раиси Кумитаи сенати ИМА дар умури амнияти миллӣ ва корҳои ҳукумат мулоқот кард.
Тарафҳо зимни мулоқот муносибатҳои дуҷониба миёни ИМА ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев рӯзи 23 август хабар дод, ки зимни сафари оқои Петерс ба Қазоқистон раҳбари кишвар аз номи президенти ИМА Ҷо Байден барои иштирок дар нахустин нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА даъватнома гирифт.