Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: Ҷанг дар Украинаро ИМА идора мекунад

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия / Гузариш ба медиабонкГлава МИД РФ Сергей Лавров
Глава МИД РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2023
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Русия дар шарҳи эҳтимоли интиқоли аслиҳаи нави зарбазан ба масофаи дур ба Украина гуфт, ИМА низоъро шиддат бахшида истодааст
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Новобаста аз он ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чӣ мегӯяд, амалан ҷанг дар Украинаро мудирият мекунад.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, изҳор дошт. Ӯ афзуд, ки ИМА аз тариқи таъмини силоҳ алайҳи Русия меҷангад.
"Новобаста аз он ки Иёлоти Муттаҳида чӣ мегӯяд, онҳо ҷанги Украинаро идора мекунанд, силоҳ, муҳимот, иттилооти иктишофӣ медиҳанд",- гуфт вай.
Суҳбатҳо дар бораи эҳтимоли интиқоли аслиҳаи нави зарбазан ба масофаи дур ба Украина дар ҳолест, ки қаблан аз таъмини силоҳи хӯшаӣ ва урандор ба Киев хабар дода шуда буд.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2023
Зеленский ба поёни нохушоянди ҳамлаи ҷавобии артиши Украина эътироф кард
Русия эълон кард, ки ҳақ дорад, ба истифодаи бомбаҳои кассетӣ ё худ хӯшаӣ алайҳи худ, посухи ҳамчунинӣ диҳад.
Ҳамчунин Маскав интиқоли силоҳи урандорро ба Украина аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амали ҷиноӣ хонда буд.
Муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков аз оқибатҳои экологии истифодаи ин навъи силоҳ ҳушдор дод.
Ин на танҳо як иқдоми муташанниҷсоз, балки бозгӯи беэътиноии шадиди Вашингтон ба оқибатҳои экологии истифодаи ин навъи муҳимоти ҷангӣ дар минтақаи амалиёти ҷангӣ мебошад, гуфт дипломат.
Лентаи хабарҳо
0