https://sputnik.tj/20230911/zelenskiy-nokhush-hamlai-javobi-artish-ukraina-etirof-1059330132.html
Зеленский ба поёни нохушоянди ҳамлаи ҷавобии артиши Украина эътироф кард
Зеленский ба поёни нохушоянди ҳамлаи ҷавобии артиши Украина эътироф кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Украина ахиран дар суҳбат ба расонаҳои хориҷӣ эътироф кард, ки поёни хуш барои зидди ҳамлаӣ нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш бовар надорад
2023-09-11T19:45+0500
2023-09-11T19:45+0500
2023-09-11T19:45+0500
русия
украина
дар ҷаҳон
сиёсат
эътироф
ноком
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/06/1059240749_0:217:3072:1945_1920x0_80_0_0_53c1a9c1e755b30d27a649e1954a4eb2.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо расонаи амрикоӣ гуфт, ки зиди ҳамлаи неруҳои мусаллаҳи Украина поёни хуше нахоҳад дошт."Ҳамаи мо хоҳон муваффақият ҳастем, як поёни хуш. Ин марбут ҳамлаи ҷавобӣ аст. Ин филме бо поён хуш нест, мо поён хуше нахоҳем дошт, мо афроди зиёдиро аз даст додаем", - гуфт ӯ дар суҳбат бо ин шабакаи телевизиюнӣ.Неруҳои украинӣ барои чаҳорумин моҳ аст, ки дар ҳоли анҷоми як зиди ҳамла дар ҷиҳатҳои Донетски ҷанубӣ, Артёмовск ва Запарожие ҳастанд ва типҳои омӯзишдида тавассути НАТО ва мусаллаҳ ба таҷҳизоти низомии ғарбиро ба майдони ҷанг сӯқ медиҳад, аммо натавонистаанд дар ҳеҷ як аз бахшҳо ба муваффақият даст ёбанд.Ҳамон тавре, ки Владимир Путин ишора кард, ин фақат як лағзиш нест, балки як шикаст аст.Ба гуфта вазорати дифои Русия аз сентябр, аз оғози амалиёти зиди ҳамла неруҳои мусаллаҳи Украина беш аз 66 ҳазор нафар ва 7,6 ҳазор силоҳ аз ҷумла танкҳои Леопарди олмонӣ, AMX - фаронсавӣ ва худравҳои размии пиёданизоми амрикоӣ “Бредлӣ” аз даст додаанд . Илова бар ин, гузоришҳое мабнӣ бар инҳидоми аввалин танки Челенҷер мунташир шуд.Ахиран Грант Шопс, вазири ҷадиди дифои Бритониё ин иттилоотро таъйид кард. Вай ҳамчунин тасреҳ кард, ки Лондон қасд надорад танки ҷадидиро ҷойгузини танки мунҳадим шудаи бифиристад.Дар пас заминаи нокомиҳои Киев, Энтонии Блинкен, вазири умури хориҷаи ИМА иброз ақида кард, ки таҳоҷуми неруҳои мусаллаҳи Украина "барои моҳҳои дигар" идома хоҳад дошт ва Амркио шуруъ ба ирсоли муҳимоти хӯшаӣ ба Украина кард.
https://sputnik.tj/20230911/pushkov-sukhanon-blinken-omodagi-ukraina-guftushunid-oshkor-1059313622.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/06/1059240749_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_f26bc2fca0307889940d3af291e5264b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, ҳамлаи ҷавобӣ, артиш, владимир зеленский, нерӯҳои мусаллаҳ
украина, русия, ҳамлаи ҷавобӣ, артиш, владимир зеленский, нерӯҳои мусаллаҳ
Зеленский ба поёни нохушоянди ҳамлаи ҷавобии артиши Украина эътироф кард
Раисҷумҳури Украина ахиран дар суҳбат ба расонаҳои хориҷӣ эътироф кард, ки поёни хуш барои зидди ҳамлаӣ нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш бовар надорад
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо расонаи амрикоӣ гуфт, ки зиди ҳамлаи неруҳои мусаллаҳи Украина поёни хуше нахоҳад дошт.
"Ҳамаи мо хоҳон муваффақият ҳастем, як поёни хуш. Ин марбут ҳамлаи ҷавобӣ аст. Ин филме бо поён хуш нест, мо поён хуше нахоҳем дошт, мо афроди зиёдиро аз даст додаем", - гуфт ӯ дар суҳбат бо ин шабакаи телевизиюнӣ.
Неруҳои украинӣ барои чаҳорумин моҳ аст, ки дар ҳоли анҷоми як зиди ҳамла дар ҷиҳатҳои Донетски ҷанубӣ, Артёмовск ва Запарожие ҳастанд ва типҳои омӯзишдида тавассути НАТО ва мусаллаҳ ба таҷҳизоти низомии ғарбиро ба майдони ҷанг сӯқ медиҳад, аммо натавонистаанд дар ҳеҷ як аз бахшҳо ба муваффақият даст ёбанд.
Ҳамон тавре, ки Владимир Путин ишора кард, ин фақат як лағзиш нест, балки як шикаст аст.
Ба гуфта вазорати дифои Русия аз сентябр, аз оғози амалиёти зиди ҳамла неруҳои мусаллаҳи Украина беш аз 66 ҳазор нафар ва 7,6 ҳазор силоҳ аз ҷумла танкҳои Леопарди олмонӣ, AMX - фаронсавӣ ва худравҳои размии пиёданизоми амрикоӣ “Бредлӣ” аз даст додаанд . Илова бар ин, гузоришҳое мабнӣ бар инҳидоми аввалин танки Челенҷер мунташир шуд.
Ахиран Грант Шопс, вазири ҷадиди дифои Бритониё ин иттилоотро таъйид кард. Вай ҳамчунин тасреҳ кард, ки Лондон қасд надорад танки ҷадидиро ҷойгузини танки мунҳадим шудаи бифиристад.
Дар пас заминаи нокомиҳои Киев, Энтонии Блинкен, вазири умури хориҷаи ИМА иброз ақида кард, ки таҳоҷуми неруҳои мусаллаҳи Украина "барои моҳҳои дигар" идома хоҳад дошт ва Амркио шуруъ ба ирсоли муҳимоти хӯшаӣ ба Украина кард.