Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар Хатлон ба 1 ҳазор адад расонда мешавад

© Foto / Пресс-служба председателя Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода ознакомился с деятельностью промышленного предприятия "Норд Азия Металл"
Раджаббой Ахмадзода ознакомился с деятельностью промышленного предприятия Норд Азия Металл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Обуна шудан
Соли ҷорӣ дар ҷануби Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 800 адад расида, дар назар аст, ки тайи солҳои наздик 200 корхонаи дигар дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. То охири соли 2026 сохтмони зиёда аз 200 корхонаи нав дар вилояти Хатлон пешбинӣ гардидааст.
Дар ин бора ноиби раиси вилоят, Заробиддин Файзуллозода дар суҳбат бо нашрияи расмии "Хатлон" иттилоъ додаст.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла, корхонаҳои гӯгирдбарорӣ, ҷӯроббарорӣ, гипсокартон, шифербарорӣ, филтрҳои гуногун барои нақлиёт, маҳсулоти ширӣ, корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ, дӯзандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Вахш, Бохтар, Шаҳритус, Ёвон дар арафаи анҷомёбист.
Завод по производству флюорита Талко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Таъсиси алянси истеҳсолӣ: пешниҳоди Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ
Вай тавзеҳ додаст, ки умуман дар доираи солҳои рушди саноат - 2020-2026-ум сохтмони 500 адад корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шуда буд.
"Аз ин соли 2020-ум 37 корхона, соли 2021-ум 123 коргоҳу корхона, соли 2022-ум 106 корхона, 22 коргоҳ ва дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 90 корхона сохта, ба истифода дода шуданд", - изҳор дошт ӯ.
Вай таъкид кардаст, ки дар корхонаҳои навбунёд зиёда аз 4 ҳазор шаҳрванди вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Корхонаҳои вилоят дар самти маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, равған, макарон, коркарди гӯшти мурғ, истеҳсоли орд, панир, матоъ, трикотаж, пойафзол, докаи тиббӣ, мебел, нахи пахта, маҳсулоти ширӣ, яхмос, банду басти писта, мош, наск, нахӯд ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолият доранд.
Лентаи хабарҳо
0