https://sputnik.tj/20230915/tasis-alyansi-istehsol-peshnihod-tojikiston-1059401810.html
Таъсиси алянси истеҳсолӣ: пешниҳоди Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ
Таъсиси алянси истеҳсолӣ: пешниҳоди Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон пешниҳод кард, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши саҳми иқтисоди рақамӣ дар минтақа таҳия карда шавад
2023-09-15T09:02+0500
2023-09-15T09:02+0500
2023-09-15T09:02+0500
иқтисод
дар тоҷикистон
душанбе
осиёи марказӣ
истеҳсолот
пешниҳод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/86/1030068628_0:149:2831:1741_1920x0_80_0_0_b28e86e828e89a2ad10d56428d7522ad.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Тоҷикистон умед дорад, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ алянси истеҳсолӣ ва технологӣ эҷод кунад. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Завқӣ Завқизода дар ҳамоиши иқтисодӣ дар Душанбе изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, баъдан кишварҳои минтақа метавонанд дар бораи ташкили иттиҳоди технологӣ ва истеҳсолии комили Осиёи Марказӣ суҳбат кунанд. "Минтақа бартарии бузурге дорад, ки аз иқтидори он бояд пурра истифода шавад", - таъкид кард вазир. Дар робита ба ин, Завқӣ Завқизода пешниҳод кард, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши саҳми иқтисоди рақамӣ таҳия карда шавад. Илова бар ин, ӯ ба аҳамияти омодасозии мутахассисон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инфрасохтор таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи "Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия" ба мулоқоти панҷуми сарони кишварҳои минтақа бахшида шудааст. Дар ин чорабинӣ вазирони рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ширкат карданд.
https://sputnik.tj/20230914/turkmaniston-navsozii-kullii-iqtisod-osiyo-1059392358.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/86/1030068628_156:0:2676:1890_1920x0_80_0_0_19a7c8ed7536ed4e112383c6c2904bda.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод, тоҷикистон, осиёи марказӣ
пешниҳод, тоҷикистон, осиёи марказӣ
Таъсиси алянси истеҳсолӣ: пешниҳоди Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон пешниҳод кард, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши саҳми иқтисоди рақамӣ дар минтақа таҳия карда шавад
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Тоҷикистон умед дорад, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ алянси истеҳсолӣ ва технологӣ эҷод кунад.
Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Завқӣ Завқизода дар ҳамоиши иқтисодӣ дар Душанбе изҳор дошт.
"Васеъ намудани рӯзномаи байни кишварҳои мо тавассути самтҳои ояндадор, аз қабили ҳамкориҳои инноватсионӣ ва рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инчунин афзоиши ботадриҷи гардиши тиҷорати электронӣ муҳим аст", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, баъдан кишварҳои минтақа метавонанд дар бораи ташкили иттиҳоди технологӣ ва истеҳсолии комили Осиёи Марказӣ суҳбат кунанд.
"Минтақа бартарии бузурге дорад, ки аз иқтидори он бояд пурра истифода шавад", - таъкид кард вазир.
Дар робита ба ин, Завқӣ Завқизода пешниҳод кард, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши саҳми иқтисоди рақамӣ таҳия карда шавад.
Илова бар ин, ӯ ба аҳамияти омодасозии мутахассисон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инфрасохтор таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи "Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия" ба мулоқоти панҷуми сарони кишварҳои минтақа бахшида шудааст.
Дар ин чорабинӣ вазирони рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ширкат карданд.