https://sputnik.tj/20230914/turkmaniston-navsozii-kullii-iqtisod-osiyo-1059392358.html
Туркманистон хостори навсозии куллии иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд
Туркманистон хостори навсозии куллии иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири молияи ин кишвар аҳамияти муттаҳид будан ва мутамарказ намудани тамоми захираҳои мавҷударо барои тараққиёти босуръат қайд намуд
2023-09-14T16:33+0500
2023-09-14T16:33+0500
2023-09-14T16:33+0500
иқтисод
нақлиёт
дар тоҷикистон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102842/12/1028421229_0:95:3305:1954_1920x0_80_0_0_c94c54429c41fdc1fbaeaeb7aa4140cd.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои потенсиали баланди ҳамкории ҳамаҷониба мебошанд, ки метавонанд ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва инноватсионӣ таъсири мусбат расонанд. Дар ин бора Сардор Ҷӯраев, вазири молия ва иқтисоди Туркманистон зимни ҳамоиши иқтисодӣ дар Душанбе изҳор дошт. Ба гуфтаи вазир, равобити зич дар доираи минтақаи Осиёи Марказӣ аз нигоҳи ба даст овардани самараи бештари иҷтимоию иқтисодӣ бо истифодаи муштарак ва ҳамоҳангшудаи захираҳо ва имконоти кишварҳо хусусияти объективӣ дорад. Вай афзуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ иқтидори бузурги истеҳсолӣ ва илмию техникӣ доранд, ки таърихан бо талоши муштараки мардум ба вуҷуд омадаанд. "Бо истифодаи оқилонаи механизмҳои бозорӣ ва амалҳои ҳамоҳангшуда мо метавонем сатҳи зарурии таҷдиди куллии рушди иқтисод, аз ҷумла ҷалби васеъи сармояи хориҷиро таъмин намоем", - таъкид дошт Ҷураев. Вазир аҳамияти тамаркузи захираҳо дар бахшҳои саноату нақлиёт, сохторҳои тиҷоратӣ ва ниҳодҳои молиро барои ташаккули зербиноҳои муосир дар иқтисоди кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар Осиёи Марказӣ изҳор дошт. Завқизода: Кишварҳои минтақа бо талошҳои муштарак метавонанд бо фишорҳо муқовимат кунанд"Барои густариши тиҷорати электронӣ ва рушди иқтисодӣ аз долонҳои мавҷудаи транзитӣ ва инфрасохтори логистикии кишварҳои мо фаъолона истифода бурдан зарур аст", - афзуд ӯ. Туркманистон ҷонибдори рушди муштараки иқтидори нақлиётии Осиёи Марказӣ мебошад Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бояд талошҳо барои ошкор ва рафъи монеаҳо дар бахши нақлиёту иртиботот ва мусоидат ба ифтитоҳи долонҳои нави логистикӣ дар минтақа фаъол бошад. Баррасии шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар ДушанбеЁдовар мешавем, ки форуми иқтисодӣ ба муносибати баргузории нишасти панҷуми машваратии раҳбарони Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Мулоқоти вазирон ва президентҳо рӯзҳои 14-15 сентябр давом мекунад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102842/12/1028421229_287:0:3018:2048_1920x0_80_0_0_8636928aca66dc322c513b5c3db40b2b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркманистон, душанбе, пешниҳод, иқтисод
туркманистон, душанбе, пешниҳод, иқтисод
Туркманистон хостори навсозии куллии иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд
Вазири молияи ин кишвар аҳамияти муттаҳид будан ва мутамарказ намудани тамоми захираҳои мавҷударо барои тараққиёти босуръат қайд намуд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои потенсиали баланди ҳамкории ҳамаҷониба мебошанд, ки метавонанд ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва инноватсионӣ таъсири мусбат расонанд.
Дар ин бора Сардор Ҷӯраев, вазири молия ва иқтисоди Туркманистон зимни ҳамоиши иқтисодӣ дар Душанбе изҳор дошт.
"Барои давлати мо ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳимтарин самти стратегии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба ҳисоб меравад", - гуфт Ҷӯраев.
Ба гуфтаи вазир, равобити зич дар доираи минтақаи Осиёи Марказӣ аз нигоҳи ба даст овардани самараи бештари иҷтимоию иқтисодӣ бо истифодаи муштарак ва ҳамоҳангшудаи захираҳо ва имконоти кишварҳо хусусияти объективӣ дорад.
Вай афзуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ иқтидори бузурги истеҳсолӣ ва илмию техникӣ доранд, ки таърихан бо талоши муштараки мардум ба вуҷуд омадаанд.
"Бо истифодаи оқилонаи механизмҳои бозорӣ ва амалҳои ҳамоҳангшуда мо метавонем сатҳи зарурии таҷдиди куллии рушди иқтисод, аз ҷумла ҷалби васеъи сармояи хориҷиро таъмин намоем", - таъкид дошт Ҷураев.
Вазир аҳамияти тамаркузи захираҳо дар бахшҳои саноату нақлиёт, сохторҳои тиҷоратӣ ва ниҳодҳои молиро барои ташаккули зербиноҳои муосир дар иқтисоди кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар Осиёи Марказӣ изҳор дошт.
"Барои густариши тиҷорати электронӣ ва рушди иқтисодӣ аз долонҳои мавҷудаи транзитӣ ва инфрасохтори логистикии кишварҳои мо фаъолона истифода бурдан зарур аст", - афзуд ӯ.
Туркманистон ҷонибдори рушди муштараки иқтидори нақлиётии Осиёи Марказӣ мебошад
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бояд талошҳо барои ошкор ва рафъи монеаҳо дар бахши нақлиёту иртиботот ва мусоидат ба ифтитоҳи долонҳои нави логистикӣ дар минтақа фаъол бошад.
Ёдовар мешавем, ки форуми иқтисодӣ ба муносибати баргузории нишасти панҷуми машваратии раҳбарони Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Мулоқоти вазирон ва президентҳо рӯзҳои 14-15 сентябр давом мекунад.