https://sputnik.tj/20230914/zavqizoda-kishvarhoi-mintaqa-bo-taloshhoi-mushtarak-metavonand-bo-fishorho-muqovimat-kunand-1059378943.html
Завқизода: Кишварҳои минтақа бо талошҳои муштарак метавонанд бо фишорҳо муқовимат кунанд
Завқизода: Кишварҳои минтақа бо талошҳои муштарак метавонанд бо фишорҳо муқовимат кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон дар форуми иқтисодӣ таъкид кардааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз имкониятҳои васеи иқтисодӣ бархурдор ҳастанд
2023-09-14T11:01+0500
2023-09-14T11:01+0500
2023-09-14T11:01+0500
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
иқтисод
рушд
талош
муштарак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0e/1059378778_85:0:1109:576_1920x0_80_0_0_e0d6bb1ae321e5fd51e3def3f468d09a.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Завқи Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи марказӣ гуфт, ки кишварҳои минтақа дар замони душвори рақобати афзояндаи геополитикӣ, сиёсатҳои таҳримотӣ ва бархурдҳои тиҷоратӣ зиндагӣ доранд.Вай афзуд, дар ин ҳолат танҳо бо талошҳои муштарак кишварҳо метавонанд бо чолишҳо ва фишорҳои афзоянда ба минтақа муқовимат кунанд.Вазири иқтисод таъкид кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушду пешрафт аз имкониятҳои зиёде бархурдоранд.Аз ҷумла вай гуфт Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии (ММД) Осиёи Марказӣ дар давоми 20 сол беш аз 7 маротиба афзудааст. Суръати солонаи рушди иқтисоди дар ин давра 6,2%-ро афзоиш ёфтааст.Вазири иқтисод қайд кард, ки дар ин давра афзоиши миёнаи солонаи иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамагӣ 2,6 фоизро ташкил дода буд.Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар ММД-и баробарии қудрати харид 1,8 баробар, гардиши савдои хориҷӣ шаш баробар, ҳаҷми сармоягузории захирашудаи мустақими дар минтақа 17 баробар, гардиши савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ шаш баробар, аҳолии Осиёи Марказӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳим аст 1,4 баробар афзудааст.Ин рақамҳо аз дурнамо ва имкониятҳои васеи минтақаи Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.Вай илова кард, ки дар ҳоли ҳозир шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошад.Соли гузашта гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 23% ва ҳиссаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми умумии гардиши мол бо Тоҷикистон тақрибан 30% ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20230914/javononi-sohibkori-osiyoi-markazi-dar-dushanbe-jam-meoyand-1059377874.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0e/1059378778_213:0:981:576_1920x0_80_0_0_7db16d176c0af825c795b2423e925973.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, осиёи марказӣ, талош, муштарак, иқтисод, рушд, имконият,бархурдор
тоҷикистон, осиёи марказӣ, талош, муштарак, иқтисод, рушд, имконият,бархурдор
Завқизода: Кишварҳои минтақа бо талошҳои муштарак метавонанд бо фишорҳо муқовимат кунанд
Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон дар форуми иқтисодӣ таъкид кардааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз имкониятҳои васеи иқтисодӣ бархурдор ҳастанд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Завқи Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи марказӣ гуфт, ки кишварҳои минтақа дар замони душвори рақобати афзояндаи геополитикӣ, сиёсатҳои таҳримотӣ ва бархурдҳои тиҷоратӣ зиндагӣ доранд.
Вай афзуд, дар ин ҳолат танҳо бо талошҳои муштарак кишварҳо метавонанд бо чолишҳо ва фишорҳои афзоянда ба минтақа муқовимат кунанд.
Вазири иқтисод таъкид кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушду пешрафт аз имкониятҳои зиёде бархурдоранд.
Аз ҷумла вай гуфт Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии (ММД) Осиёи Марказӣ дар давоми 20 сол беш аз 7 маротиба афзудааст. Суръати солонаи рушди иқтисоди дар ин давра 6,2%-ро афзоиш ёфтааст.
Вазири иқтисод қайд кард, ки дар ин давра афзоиши миёнаи солонаи иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамагӣ 2,6 фоизро ташкил дода буд.
Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар ММД-и баробарии қудрати харид 1,8 баробар, гардиши савдои хориҷӣ шаш баробар, ҳаҷми сармоягузории захирашудаи мустақими дар минтақа 17 баробар, гардиши савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ шаш баробар, аҳолии Осиёи Марказӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳим аст 1,4 баробар афзудааст.
Ин рақамҳо аз дурнамо ва имкониятҳои васеи минтақаи Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.
“Бо истифодаи оқилонаи имкониятҳо мо метавонем ба рушди бузурги иқтисодӣ ноил шавем”,- гуфт Завқи Завқизода.
Вай илова кард, ки дар ҳоли ҳозир шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошад.
Соли гузашта гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 23% ва ҳиссаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми умумии гардиши мол бо Тоҷикистон тақрибан 30% ташкил додааст.