https://sputnik.tj/20230913/barrasi-shariki-strategi-tojikiston-turkmaniston-dushanbe-1059356166.html
Баррасии шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе
Баррасии шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Тоҷикстону дар Душанбе дар дидор бо ҳамтои туркманаш муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни ду кишварро баррасӣ кард
2023-09-13T13:58+0500
2023-09-13T13:58+0500
2023-09-13T13:58+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
ҳамкорӣ
равобит
шарики стратегӣ
сироҷиддин муҳриддин
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0d/1059355969_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_1018b91c8bea6256357d275eefa6f76c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти вазири хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои вазорати хориҷа, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.“Зимнан диққати махсус ба омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дода шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.Ёдовар мешавем, ки ҳамзамон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.Интизор меравад, ки дар ҷаласа матни лоиҳаҳои Изҳороти муштарак аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Изҳороти душанбегии сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ва номгӯи ҳуҷҷатҳои хотимавии саммитҳои дарпешистода мувофиқа шуда, барои баррасӣ ба сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод мешаванд.14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) баргузор мегарданд.
https://sputnik.tj/20230913/rushdi-ilm-maorif-kishvarhoi-osiyo-markazi-dushanbe-1059353162.html
туркманистон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0d/1059355969_104:0:1105:751_1920x0_80_0_0_660d03dadcead93191b5b07e5c9e36a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркманистон, ҳамкорӣ, равобит, шарикӣ, душанбе, мулоқот, сироҷиддин муҳриддин, рашид мередов
тоҷикистон, туркманистон, ҳамкорӣ, равобит, шарикӣ, душанбе, мулоқот, сироҷиддин муҳриддин, рашид мередов
Баррасии шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе
Вазири хориҷаи Тоҷикстону дар Душанбе дар дидор бо ҳамтои туркманаш муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни ду кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазири хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорати хориҷа, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Зимнан диққати махсус ба омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дода шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки ҳамзамон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа матни лоиҳаҳои Изҳороти муштарак аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Изҳороти душанбегии сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ва номгӯи ҳуҷҷатҳои хотимавии саммитҳои дарпешистода мувофиқа шуда, барои баррасӣ ба сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод мешаванд.
14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) баргузор мегарданд.