Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Пушков маънои суханони Блинкенро дар бораи омодагии Украина ба гуфтушунид ошкор кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВстреча главы МИД С. Лаврова с госсекретарем США Э. Блинкеном в Женеве
Встреча главы МИД  С. Лаврова с госсекретарем США Э. Блинкеном в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2023
Обуна шудан
Сенатори рус ҳадафи суханони котиби давлатии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар бораи Украинаро гумроҳсозии афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ номидааст
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Изҳороти Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико дар бораи омодагии Украина ба музокира бо Русия ҳадафи фиреби мардум аст.
Ин андешаро сенатор Алексей Пушков дар канали Telegram-каналаш изҳор дошт.
"Таваҷҷӯҳе, ки изҳороти Котиби давлатӣ Блинкен дар бораи "тайёр будани" Украина ба музокира гирифтааст, беасос аст. Дар паси он ҳеҷ чиз нест, мавқеъи ИМА як аст: сулҳ бо шартҳои Украина", - гуфт Пушков.
Ба андешаи сенатор, ИМА музокирот намхощад, вагарна Блинкен ба ҳамлаи ҷавобӣ баҳои баланд намедод ва ба Киев як миллиард кӯмаки нави низомӣ эълон намекард ва Зеленский низ ба маҷаллаи The Economist намегуфт, ки "ҳоло як лаҳзаи бад барои дипломатия аст.
Ӯ афзуд, ки котиби давлатии ИМА ягон чизи нав нагуфт.
"Маънои суханони ӯ дар гумроҳсозии афкори ҷамъиятии ҷаҳонӣ аст", - қайд кард Пушков.
Обращение президента РФ В. Путина к участникам II Форума межрегионального сотрудничества России и Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Путин: Украина аз музокира даст кашид ва қаламрави Русияро тирборон мекунанд
Қаблан Блинкен гуфта буд, ки Украина дар сурати ибтикори Маскав музокира хоҳад кард.
Русия борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо мақомоти Киев дар сатҳи қонунгузорӣ ба он мамнӯъият эълон кардаанд.
Кремл инчунин ба он таваҷҷӯҳ зоҳир кард, ки дар ҳоли ҳозир барои гузаштан маҷрои сулҳомези вазъ дар Украина ҳеҷ гуна замина вуҷуд надорад ва ноил шудан ба аҳдофи амалиёти вижа авлавияти мутлақ барои Маскав аст.
Лентаи хабарҳо
0