https://sputnik.tj/20221019/putin-ukraina-muzokira-rusiya-tirboron-1052267853.html
Путин: Украина аз музокира даст кашид ва қаламрави Русияро тирборон мекунанд
Путин: Украина аз музокира даст кашид ва қаламрави Русияро тирборон мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия мегӯяд, Украина аз ҳама гуна музокира бо кишвараш даст кашид ва Киев тирборон кардани қаламрави Русияро идома медиҳад
2022-10-19T22:00+0500
2022-10-19T22:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар русия
украина
тирборон
музокира
даст кашидан
владимир путин
раисҷумҳур
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1e/1051789646_0:148:3051:1865_1920x0_80_0_0_e300abb7fc5208f075e27daf1df4488b.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Украина аз музокира даст кашид ва тирборони қаламрави Русияро идома медиҳад, гуфт Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои Амният.Роҳбари Русия ёдовар шуд, ки сокинони ҷумҳуриҳои Донбасс, вилоятҳои Запорожие ва Херсон майлу хоҳиши худро дар ҳайати Русия ба таври равшан нишон доданд.Мақомоти Украина талош дорад, ки ба ин вокуниш кунанд, ба ташкили ҳамлаҳои террористӣ идома медиҳад.Путин ба таркиш дар пули Қрим, ки аз ҷониби хадамоти вижаи Украина ташкил шудааст, ишора кард ва гуфт, Русия тавонистааст аз дигар ҳамлаҳои террористии тарҳрезишудаи Киев пешгирӣ кунад.Путин таъкид кард, ки дар баробари ин Украина барои ҳамлаҳо ҷойҳои серодам, иншооти нақлиётӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои ҳастаиро интихоб кардааст.30 сентябр президенти Русия Владимир Путин дар Кремл созишномаҳо дар бораи қабули ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск, вилоятҳои Запорожие ва Херсонро ба ҳайати Русия имзо кард.Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин рӯзи 21 сентябр дар паёми худ ба шаҳрвандон гуфта буд, ки артиши кишвар бо тамоми мошини низомии дастаҷамъии Ғарб муқовимат мекунад.Ӯ ин нуктаро зимни зарурати басиҷи нисбӣ баён дошта, илова намуд, ки дар доираи ин маърака пеш аз ҳама онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат кардаанд, таҷриба ва ихтисоси ҳарбӣ доранд, ҷалб карда мешаванд.Ба иттилои мақомоти Русия, дар маҷмуъ ҷалби ҳудуди 300 ҳазор нафар аз ҳайати захиравӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳудуди 1% аз теъдоди умумии нерӯҳои захиравиро ташкил медиҳад.Фиристодани сафарбаршудаҳо ба минтақаи амалиёти низомӣ танҳо пас аз тамриноту ҳамоҳангии ҷангӣ ҳамроҳ бо воҳидҳое сурат мегирад, ки аллакай дар ин амалиёт иштирок кардаанд.
https://sputnik.tj/20221019/putin-siyosati-muhojirat-taghyir-1052264706.html
https://sputnik.tj/20221019/eloni-holati-harbi-subekti-rusiya-1052264252.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1e/1051789646_322:0:3051:2047_1920x0_80_0_0_a4ed4891d48738afdb768cbb946dd720.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, владимир путин, музокира, тирборон, қаламрав, киев, раисҷумҳур
русия, украина, владимир путин, музокира, тирборон, қаламрав, киев, раисҷумҳур
Путин: Украина аз музокира даст кашид ва қаламрави Русияро тирборон мекунанд
22:00 19.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Раисҷумҳури Русия мегӯяд, Украина аз ҳама гуна музокира бо кишвараш даст кашид ва Киев тирборон кардани қаламрави Русияро идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Украина аз музокира даст кашид ва тирборони қаламрави Русияро идома медиҳад, гуфт Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои Амният.
"Режими Киев, тавре медонед, аз эътирофи ирода ва интихоби мардум худдорӣ кард, ҳама гуна пешниҳодҳо барои музокиротро рад кард. Баръакс, тирборонро идома медиҳад, ки дар он ғайринизомиён кушта мешаванд", - гуфт Владимир Путин.
Роҳбари Русия ёдовар шуд, ки сокинони ҷумҳуриҳои Донбасс, вилоятҳои Запорожие ва Херсон майлу хоҳиши худро дар ҳайати Русия ба таври равшан нишон доданд.
Мақомоти Украина талош дорад, ки ба ин вокуниш кунанд, ба ташкили ҳамлаҳои террористӣ идома медиҳад.
“Тахрибкорӣ дар иншооти ҳаётан муҳим, сӯиқасд ба ҷони намояндагони мақомоти маҳаллӣ. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки гурӯҳҳои ҷиноӣӣ пинҳонӣ ба вуҷуд меоранд, ба қаламрави мо гурӯҳҳои тахрибкор мефиристанд”, - қайд кард сарвари давлат.
Путин ба таркиш дар пули Қрим, ки аз ҷониби хадамоти вижаи Украина ташкил шудааст, ишора кард ва гуфт, Русия тавонистааст аз дигар ҳамлаҳои террористии тарҳрезишудаи Киев пешгирӣ кунад.
Путин таъкид кард, ки дар баробари ин Украина барои ҳамлаҳо ҷойҳои серодам, иншооти нақлиётӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои ҳастаиро интихоб кардааст.
30 сентябр президенти Русия Владимир Путин дар Кремл созишномаҳо дар бораи қабули ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск, вилоятҳои Запорожие ва Херсонро ба ҳайати Русия имзо кард.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин рӯзи 21 сентябр дар паёми худ ба шаҳрвандон гуфта буд, ки артиши кишвар бо тамоми мошини низомии дастаҷамъии Ғарб муқовимат мекунад.
Ӯ ин нуктаро зимни зарурати басиҷи нисбӣ баён дошта, илова намуд, ки дар доираи ин маърака пеш аз ҳама онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат кардаанд, таҷриба ва ихтисоси ҳарбӣ доранд, ҷалб карда мешаванд.
Ба иттилои мақомоти Русия, дар маҷмуъ ҷалби ҳудуди 300 ҳазор нафар аз ҳайати захиравӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳудуди 1% аз теъдоди умумии нерӯҳои захиравиро ташкил медиҳад.
Фиристодани сафарбаршудаҳо ба минтақаи амалиёти низомӣ танҳо пас аз тамриноту ҳамоҳангии ҷангӣ ҳамроҳ бо воҳидҳое сурат мегирад, ки аллакай дар ин амалиёт иштирок кардаанд.