Шарҳи Лавров дар мавриди размоиши муштараки ИМА ва Арманистон

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия / Гузариш ба медиабонкГлава МИД РФ Сергей Лавров
Глава МИД РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2023
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия машқҳои муштараки низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Арманистонро боиси таассуф арзёбӣ карда, аз оқибатҳо ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Талоши кишвари узви Эътилофи Атлантики Шимолӣ барои вуруд ба моварои Қафқоз ҳеч паёмади хубе надорад.
Ин нуктаро вазири вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров дар шарҳи амалкарди Ереван дар заминаи тамринҳои Арманистон бо Иёлоти Муттаҳида баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки чунин иқдомро ҷониби Маскав таассуфовар арзёбӣ мекунад.
"Ҳеҷ чизи хубе дар он нест, ки як кишвари зӯргӯи НАТО кӯшиши вуруд ба моварои Қафқозро дорад", - гуфт ӯ.
Глава МИД РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2023
Лавров: Ғарб қасд дорад СААД, БРИКС ва СҲШ-ро тақсим кунад
Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия ин иқдом барои касе хубӣ надорад, аз ҷумла барои худи Арманистон.
Вай ҳамчунин иддаои мақомоти Арманистонро, ки Русия қаламрави Қарабоғи куҳиро ба Озарбойҷон таслим кард, бепоя хонд.
Қаблан вазири умури хориҷии Русия зимни як ҳамоиш дар доираи СААД зарур хонда буд, ки барои ба фишори Ғарб муқовимат кардан ва уҳдадориҳои иттифоқчигиро пурра иҷро намудан, ҳамраъйиро тақвият додан лозим мебошад.
Лентаи хабарҳо
0