https://sputnik.tj/20230620/lavrov-gharb-saad-briks-shsh-1057818209.html
Лавров: Ғарб қасд дорад СААД, БРИКС ва СҲШ-ро тақсим кунад
Лавров: Ғарб қасд дорад СААД, БРИКС ва СҲШ-ро тақсим кунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Русия дар мулоқот бо раисиҷумҳури Белорус гуфт, ба ин фишори Ғарб муқовимат кардан ва уҳдадориҳои иттифоқчиро пурра иҷро кардан лозим аст
2023-06-20T18:16+0500
2023-06-20T18:16+0500
2023-06-20T18:16+0500
саад
брикс
сҳш
русия
сергей лавров
сиёсат
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1d/1057419166_0:0:3084:1736_1920x0_80_0_0_feab0843ffd2e9f5619a1f9621f8cd73.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ғарб Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)-ро таҳдиде барои бартарӣ дар арсаи байналмилалӣ медонад. Дар ин бора, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, маҳз ба ҳамин далел кишварҳои НАТО талош доранд, ки ин созмонро "тақсим" кунанд ва ҳамчунин БРИКС ва СҲШ-ро аз ҳам ҷудо намоянд. Лавров бо раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко якуним соат суҳбат кард ва ӯ арзёбии худро дар бораи вазъи ҷаҳон, ки ба амалҳои муштарак мувофиқанд ва рушди минбаъдаи созмонро асоснок мекунанд, баён кард. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки ба ин фишори Ғарб муқовимат кардан ва уҳдадориҳои иттифоқчигиро пурра иҷро намудан ва ҳамраъйиро тақвият додан лозим аст. Дар Маскав Муҳриддин ва Лавров санади нави ҳамкорӣ имзо карданд - ВидеоҚаблан вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СААД дар Минск музокиротро дар ҳайати маҳдуд оғоз карданд. Гуфта мешавад, ки дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои вазъ ва дурнамои рушди вазъи байналмиллалӣ ва минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД иборат аст. Мавзӯи ҳамкориҳои СААД бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, бахусус СММ, ИДМ ва СҲШ низ муфассал баррасӣ хоҳад шуд. Ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 6 давлат – Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1d/1057419166_353:0:3084:2048_1920x0_80_0_0_ee024dc55ee1738f5d77901d32a0a99f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров, ҳадафи ғарб, саад
лавров, ҳадафи ғарб, саад
Лавров: Ғарб қасд дорад СААД, БРИКС ва СҲШ-ро тақсим кунад
Вазири хориҷаи Русия дар мулоқот бо раисиҷумҳури Белорус гуфт, ба ин фишори Ғарб муқовимат кардан ва уҳдадориҳои иттифоқчиро пурра иҷро кардан лозим аст
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ғарб Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)-ро таҳдиде барои бартарӣ дар арсаи байналмилалӣ медонад. Дар ин бора, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, маҳз ба ҳамин далел кишварҳои НАТО талош доранд, ки ин созмонро "тақсим" кунанд ва ҳамчунин БРИКС ва СҲШ-ро аз ҳам ҷудо намоянд.
"Мо шоҳиди амалҳои ноумедона ва таҷовузкоронаи Ғарб <...> ҳастем, аз ҷумла кӯшиши корбурди усулҳои бевиҷдонона барои барангехтани монеаҳо дар муносибатҳои аъзои СААД".
Лавров бо раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко якуним соат суҳбат кард ва ӯ арзёбии худро дар бораи вазъи ҷаҳон, ки ба амалҳои муштарак мувофиқанд ва рушди минбаъдаи созмонро асоснок мекунанд, баён кард.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки ба ин фишори Ғарб муқовимат кардан ва уҳдадориҳои иттифоқчигиро пурра иҷро намудан ва ҳамраъйиро тақвият додан лозим аст.
Қаблан вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СААД дар Минск музокиротро дар ҳайати маҳдуд оғоз карданд.
Гуфта мешавад, ки дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои вазъ ва дурнамои рушди вазъи байналмиллалӣ ва минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД иборат аст.
Мавзӯи ҳамкориҳои СААД бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, бахусус СММ, ИДМ ва СҲШ низ муфассал баррасӣ хоҳад шуд.
Ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 6 давлат – Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд.