Шумораи бекорон дар ИИАО ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкПоиск вакансий в Москве, архивное фото
Поиск вакансий в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2023
Обуна шудан
Тибқи маълумоти идораи омори ИИАО, бекорон дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо камтарин дар Беларус ва аз ҳама бештар дар Арманистон будаанд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шумораи бекорон дар охири моҳи июли соли 2023 12,4% кам шудааст.
Тибқи ҳисобҳо теъдоди бекорон дар ҳавзаи созмон ба 912,3 ҳазор нафар мерасад.
Дар ин бора Департаменти омори Комиссияи иқтисодии Авруосиё иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 сурат гирифтааст.
Фоизи бекорон дар муқоиса бо қувваи корӣ дар саросари ИИАО ҳамагӣ 1,0-ро ташкил медиҳад.
Монета номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Маош дар ҳамаи кишварҳои ИИАО зиёд шудааст: Чанд пул?
Ҳамин тавр, агар ба кишварҳо назар андозем, бекорон камтарин дар Беларус - 0,1% буда, бештарини он дар Арманистон будааст, ки ба 3,4% мерасад.
Дар Русия ин нишондод 0,7%, дар Қирғизистон 2,7% ва дар Қазоқистон 3,1%-ро ташкил додааст.
Мендкович дар бораи пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО изҳори назар кард
Қаблан хабар дода шуда буд, ки музди миёнаи моҳонаи ҳисобшудаи номиналӣ ва воқеӣ дар ИИАО дар нимсолаи аввали соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 афзоиш ёфтааст.
Илова бар ин, иқтисодҳои ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё басатҳи рушд ворид шудаанд, ба ҷуз аз Қирғизистон
Лентаи хабарҳо
0