https://sputnik.tj/20230904/maosh-kishvar-iiao-ziyod-1059214495.html
Маош дар ҳамаи кишварҳои ИИАО зиёд шудааст: Чанд пул?
Маош дар ҳамаи кишварҳои ИИАО зиёд шудааст: Чанд пул?
Sputnik Тоҷикистон
Маоши миёнаи номиналӣ ва воқеӣ, бо назардошти нархҳои истеъмолии молу хадамот, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳамаи кишварҳои узви ИИАО афзоиш ёфтааст
2023-09-04T16:55+0500
2023-09-04T16:55+0500
2023-09-04T16:55+0500
ииао
иқтисод
маош
авруосиё
қирғизистон
русия
қазоқистон
арманистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763349_0:276:3151:2048_1920x0_80_0_0_241633ef68863c06fa4eb8894b006b9e.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Маоши миёнаи номиналӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз 365 то 915 доллар ё худ аз 28 то 70 ҳазор рубли русиро ташкил додааст. Дар ин бора департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иттилоъ дода, афзудааст, ки баландтарин суръати рушди маош дар Арманистон ва Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан қариби 20 ва 30%-ро ташкил додаст. Аз миёни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баландтарин маош дар Русия ба қайд гирифта шудааст, ки моҳона беш аз 70 ҳазор рубл ё зиёда аз 900 доллари амрикоиро ташкил додааст. Бо вуҷуди афзоиш, ҳанӯз пасттарин маош дар Қирғизистон сабт шудааст, ки муодили 367 доллар ва ё 28,3 ҳазор рубли Русия мебошад. Маоши миёнаи номиналӣ дар Арманистон зиёда аз 670 доллар ва ё 51,4 ҳазор рубл ва дар Белорус ба 633 доллар ё 48,5 ҳазор рубли русиро ташкил додаст. Ин нишондод дар Қазоқистон ба 780 доллари амрикоӣ ва ё худ қариб 60 ҳазор рубли Русия баробар гардидаст. Қаблан Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иттилоъ дода буд, ки тамоми кишварҳои узви иттиҳод тайи нимсолаи аввали соли равон рушди иқтисодашонро дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуданд.
https://sputnik.tj/20230903/lavrov-taboduli-kolo-qalamravi-iiao-puli-milli-1059196250.html
қирғизистон
русия
қазоқистон
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763349_297:0:3028:2048_1920x0_80_0_0_e57093adbe5ee412f73a5a7b593b0677.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маош, миёна, афзоиш, пул, иттиҳоди иқтисодии авруосиё, хадамот
маош, миёна, афзоиш, пул, иттиҳоди иқтисодии авруосиё, хадамот
Маош дар ҳамаи кишварҳои ИИАО зиёд шудааст: Чанд пул?
Маоши миёнаи номиналӣ ва воқеӣ, бо назардошти нархҳои истеъмолии молу хадамот, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳамаи кишварҳои узви ИИАО афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Маоши миёнаи номиналӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз 365 то 915 доллар ё худ аз 28 то 70 ҳазор рубли русиро ташкил додааст.
Дар ин бора департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иттилоъ дода, афзудааст, ки баландтарин суръати рушди маош дар Арманистон ва Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан қариби 20 ва 30%-ро ташкил додаст.
Аз миёни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баландтарин маош дар Русия ба қайд гирифта шудааст, ки моҳона беш аз 70 ҳазор рубл ё зиёда аз 900 доллари амрикоиро ташкил додааст.
Бо вуҷуди афзоиш, ҳанӯз пасттарин маош дар Қирғизистон сабт шудааст, ки муодили 367 доллар ва ё 28,3 ҳазор рубли Русия мебошад.
Маоши миёнаи номиналӣ дар Арманистон зиёда аз 670 доллар ва ё 51,4 ҳазор рубл ва дар Белорус ба 633 доллар ё 48,5 ҳазор рубли русиро ташкил додаст.
Ин нишондод дар Қазоқистон ба 780 доллари амрикоӣ ва ё худ қариб 60 ҳазор рубли Русия баробар гардидаст.
Қаблан Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иттилоъ дода буд, ки тамоми кишварҳои узви иттиҳод тайи нимсолаи аввали соли равон рушди иқтисодашонро дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуданд.