Мендкович дар бораи пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО изҳори назар кард

© Владимир Трефилов, МИА "Россия сегодня" Никита Мендкович
Никита Мендкович - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2023
Обуна шудан
Ба бовари коршинос, Тоҷикистон бояд ба рушди иқтисодӣ ноил шавад ва барои ин ворид шудан ба бозорҳои бузурги кишварҳои ИИАО зарур аст
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дохил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба манфиатҳои аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мувофиқат мекард.
Дар ин бора раиси клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба бовари коршинос, Тоҷикистон бояд ба рушди иқтисодӣ ноил шавад ва барои ин ворид шудан ба бозорҳои бузурги зарур аст.

"Лозим аст, ки ба бозорҳои ягонаи Авруосиё ворид шуд, созишнома дар бораи узвияти шарикӣ бо ИИАО ба имзо расонид. <...> Аксари сокинон бар ин назаранд, ки иниқдом барои дастгирии рушди иқтисодии кишвар зарур аст", - гуфт коршинос.

Аммо, пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО барои на ҳама нафъовар аст, мефаҳмонад Мендкович.
"Ҳоло ин хилофи манфиатҳои ҷинояткорӣ, мафия аст, ки аз қочоқи маводи мухаддир фоида ба даст меорад. <...> Зеро шомил шудан ба ИИАО ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон халал мерасонад", - хулоса кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2015 имкони вуруди ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ мекунад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Раҳмон: Тоҷикистон омодааст ҳамкориҳояшро бо кишварҳои ИИАО тақвият бахшад
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои байни ҷумҳурӣ ва кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё изҳори назар карда буд.
Вай инчунин аз рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон изҳор дошт.
Дар миёнаҳои моҳи августи соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддина гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Лентаи хабарҳо
0