https://sputnik.tj/20230908/mask-tasdiq-hamla-neru-rusiya-1059287859.html
Маск амалан тасдиқ кард, ки монеи ҳамла ба нерӯҳои Русия шудааст
Маск амалан тасдиқ кард, ки монеи ҳамла ба нерӯҳои Русия шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкор ва миллиардери амрикоӣ воқеан тасдиқ кард, ки ӯ аз ҳамлаи Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба флоти Баҳри Сиёҳи Русия пешгирӣ кардааст 08.09.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-09-08T17:26+0500
2023-09-08T17:26+0500
2023-09-08T17:26+0500
амалиёт
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
илон маск
интернет
қрим
украина
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/01/1058020102_0:40:3072:1768_1920x0_80_0_0_0d0aa595036ca9c9368a731ffe7e7021.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Миллиардери амрикоӣ Илон Маск гузоришҳо дар мавриди пешгирии ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба флоти Баҳри Сиёҳи Русияро тавзеҳ дод. Ахиран CNN порчаҳоро аз китоби тарҷумаиҳолии то ҳол нашрнашудаи Маск, ки Уолтер Айзексон навиштааст, нашр кард, ки дар аз ҷумла гуфта мешавад, соҳибкор амр додааст, то фаъолияти интернети моҳвораии Starlink дар минтақаи Қрим маҳдуд шавад. Дар шарҳи вазъ Маск дар шабакаи иҷтимоии X навишт, ки ӯ хоҳиш накардааст, ки чизеро ғайрифаъол кунад, зеро "минтақаҳои зикршудаи Starlink фаъол набуданд". Ба гуфтаи ӯ, ӯ аз “ҳукумат” дархости изтирорӣ гирифтааст, то Starlink-ро дар тамоми роҳ то Севастопол фаъол созад, то "қисми зиёди флоти Русияро дар лангар ғарқ кунад". "Агар ман ба ин дархост розӣ мешудам, SpaceX иштирокдори амалиёти бузурги ҷангӣ ва авҷ гирифтани низоъ мешуд", - хулоса кард миллиардер.Тибқи иттилои CNN, Маск аз он нигарон буд, ки Русия метавонад дар посух ба "Перл Харбори хурд" бо силоҳи ҳастаӣ посух диҳад. Гуфта мешуд, ки бар асари қатъ шудани Starlink, ҳавопаймоҳои бесарнишини зериобии Украина, ки бо маводи тарканда пур шуда буданд, "тамосро гум карданд ва ба соҳил партоб гардиданд". Қаблан Маск изҳор дошта буд, иҷоза намедиҳад, ки моҳвораҳои Starlink барои ташдиди низоъ истифода шаванд, ки метавонад ба Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ оварда расонад. Starlink як шабакаи моҳвораии насли нав аст, ки барои таъмини дастрасии васеи интернет дар ҳама ҷои сайёраи Замин пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20230907/maskav-asliha-urandor-ukraina-1059257219.html
қрим
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/01/1058020102_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_a5d4457815b6eb0e769d69213bd75013.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёт, дар ҷаҳон, амният ва мудофиа, илон маск, интернет, қрим, украина, низомӣ
амалиёт, дар ҷаҳон, амният ва мудофиа, илон маск, интернет, қрим, украина, низомӣ
Маск амалан тасдиқ кард, ки монеи ҳамла ба нерӯҳои Русия шудааст
Соҳибкор ва миллиардери амрикоӣ воқеан тасдиқ кард, ки ӯ аз ҳамлаи Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба флоти Баҳри Сиёҳи Русия пешгирӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Миллиардери амрикоӣ Илон Маск гузоришҳо дар мавриди пешгирии ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба флоти Баҳри Сиёҳи Русияро тавзеҳ дод.
Ахиран CNN порчаҳоро аз китоби тарҷумаиҳолии то ҳол нашрнашудаи Маск, ки Уолтер Айзексон навиштааст, нашр кард, ки дар аз ҷумла гуфта мешавад, соҳибкор амр додааст, то фаъолияти интернети моҳвораии Starlink дар минтақаи Қрим маҳдуд шавад.
Дар шарҳи вазъ Маск дар шабакаи иҷтимоии X навишт, ки ӯ хоҳиш накардааст, ки чизеро ғайрифаъол кунад, зеро "минтақаҳои зикршудаи Starlink фаъол набуданд".
Ба гуфтаи ӯ, ӯ аз “ҳукумат” дархости изтирорӣ гирифтааст, то Starlink-ро дар тамоми роҳ то Севастопол фаъол созад, то "қисми зиёди флоти Русияро дар лангар ғарқ кунад".
"Агар ман ба ин дархост розӣ мешудам, SpaceX иштирокдори амалиёти бузурги ҷангӣ ва авҷ гирифтани низоъ мешуд", - хулоса кард миллиардер.
Тибқи иттилои CNN, Маск аз он нигарон буд, ки Русия метавонад дар посух ба "Перл Харбори хурд" бо силоҳи ҳастаӣ посух диҳад.
Гуфта мешуд, ки бар асари қатъ шудани Starlink, ҳавопаймоҳои бесарнишини зериобии Украина, ки бо маводи тарканда пур шуда буданд, "тамосро гум карданд ва ба соҳил партоб гардиданд".
Қаблан Маск изҳор дошта буд, иҷоза намедиҳад, ки моҳвораҳои Starlink барои ташдиди низоъ истифода шаванд, ки метавонад ба Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ оварда расонад.
Starlink як шабакаи моҳвораии насли нав аст, ки барои таъмини дастрасии васеи интернет дар ҳама ҷои сайёраи Замин пешбинӣ шудааст.