Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҳушдори Маскав аз оқибати истифодаи силоҳи урандор дар Украина

© AP / Staff Sgt. Nicholas PerezБоеприпасы, содержащие обедненный уран
Боеприпасы, содержащие обедненный уран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2023
Обуна шудан
Ин на танҳо як иқдом барои шиддати вазъ, балки бозгӯи беэътиноии шадиди Вашингтон ба оқибатҳои экологии истифодаи муҳимоти урандори ҷангӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Интиқоли силоҳи ғанигардонидашуда бо уран ба Украина аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амали ҷиноӣ мебошад, изҳор дошт муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков.
Вай дар ҳошияи ҳамоиши "Тақвияти низоми паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ" дар Бишкек ҳамчунин аз оқибатҳои экологии истифодаи ин навъи силоҳ ҳушдор дод.
"Ин на танҳо як иқдоми муташанниҷсоз, балки бозгӯи беэътиноии шадиди Вашингтон ба оқибатҳои экологии истифодаи ин навъи муҳимоти ҷангӣ дар минтақаи амалиёти ҷангӣ мебошад", - гуфт дипломат.
Урани харобшуда пас аз ҷудо кардани изотоп-235 аз он ба даст меояд, ки силоҳи дорандаи он ҳаҷми хурдтару зарари калонтар мерасонад.
Он ҳамчунин ба монанди металҳои дигари вазнин паёмадҳои вазнин дошта, оқибатҳои ниҳоят манфии саломатӣ, аз ҷумла бемориҳои онкологиро ба вуҷуд меорад.
Дипломати рус ёдовар шуд, ки садҳо маводи коршиносӣ, андешаҳои экологҳо, табибон, кимиёшиносон дар бораи зарари ҷуброннопазире, ки чунин силоҳ метавонад ба муҳити зист расонад, нашр шудааст.
Бойцы группы Вагнера в центре Артемовска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
“Инро интизор набуданд”: Ғарб нобудсозии тонкҳои “Леопард”-ро арзёбӣ кард
Ӯ афзуд, амрикоиҳо парво надоранд, чун ин муҳимот дар қаламрави онҳо истифода намешавад ва онҳо фикри оқибатҳои онро барои наслҳое, ки дар ин заминҳо иқомат хоҳанд дошт, намекунанд.
Ахиран Пентагон расман эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чаҳорчӯби як бастаи нави кӯмакҳои низомӣ хумпораҳои дорои урани харобшударо ба Украина интиқол медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0