https://sputnik.tj/20230906/narishkin-khadamoti-josusii-rusiya-1059241910.html
Наришкин: Хадамоти ҷосусии Русия ҳеч гоҳ бе ёварони хориҷӣ намемонад
Наришкин: Хадамоти ҷосусии Русия ҳеч гоҳ бе ёварони хориҷӣ намемонад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Хадамоти ҷосусӣ ва ё иктишофии хориҷии Русия ба он шаҳрвандони хориҷие такя мекунад, ки аз нигоҳи идеологӣ ба ғояҳои Маскав наздиканд
2023-09-06T15:39+0500
2023-09-06T15:39+0500
2023-09-06T15:39+0500
русия
амният ва мудофиа
сергей наришкин
иктишофӣ
ҷосусӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102351/40/1023514073_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2f6e638fd6b5d83318d553b0c61cac16.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Русия пешсафи мубориза барои ҷаҳони бисёқутбӣ буда, онҳое, ки ин нақшро эътироф мекунанд, барои хадамоти иктишофӣ кумак мекунанд. Ин нуктаро мудири Хадамоти иктишофии хориҷии Русия, Сергей Наришкин дар мусоҳиба бо маҷаллаи русии "Мудофиаи миллӣ" баён дошта, таъкид намудааст, ки ниҳоди тобеяш ҳеч гоҳ бе ёварони хориҷӣ намемонад. Вай гуфт, ба онҳое такя мекунанд, ки аз нигоҳи идеологӣ ба Русия наздиканд ва роҳбарии онро дар талош барои ҷаҳони бисёрқутбӣ эътироф мекунанд. "Бисёр одамони солимфикр, аз ҷумла дар кишварҳое, ки онҳоро дӯсти Русия номидан душвор аст, талош барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ бар принсипҳои соҳибихтиёрӣ, баробарӣ ва эҳтироми мутақобилаи кишварҳо ва халқҳо, дар ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ эътироф мегардад", - афзуд Наришкин. Ӯ афзуд, бисёриҳо хостори канорасозии бартарияти элитаи фаромиллӣ, мубориза бо терроризм на дар сухан, балки воқеӣ, мухолифи эҳёи сиёсат ва идеологияи нозӣ мебошанд. Дар ин самт онҳое кам нестанд, ки аз ҷумла ба таври махфӣ ба Русия дар расидан ба ин аҳдоф кумак кунанд, таъкид намудаст Наришкин.
https://sputnik.tj/20230823/putin-nishast-saroni-kishvar-briks-video-1058996512.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102351/40/1023514073_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_2a472ab7fc71972f5e0b2c5378421279.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ёвар, русия, ҷосус, хадамот, маскав, иктишоф
ёвар, русия, ҷосус, хадамот, маскав, иктишоф
Наришкин: Хадамоти ҷосусии Русия ҳеч гоҳ бе ёварони хориҷӣ намемонад
Роҳбарияти Хадамоти ҷосусӣ ва ё иктишофии хориҷии Русия ба он шаҳрвандони хориҷие такя мекунад, ки аз нигоҳи идеологӣ ба ғояҳои Маскав наздиканд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Русия пешсафи мубориза барои ҷаҳони бисёқутбӣ буда, онҳое, ки ин нақшро эътироф мекунанд, барои хадамоти иктишофӣ кумак мекунанд.
Ин нуктаро мудири Хадамоти иктишофии хориҷии Русия, Сергей Наришкин дар мусоҳиба бо маҷаллаи русии "Мудофиаи миллӣ" баён дошта, таъкид намудааст, ки ниҳоди тобеяш ҳеч гоҳ бе ёварони хориҷӣ намемонад.
Вай гуфт, ба онҳое такя мекунанд, ки аз нигоҳи идеологӣ ба Русия наздиканд ва роҳбарии онро дар талош барои ҷаҳони бисёрқутбӣ эътироф мекунанд.
"Бисёр одамони солимфикр, аз ҷумла дар кишварҳое, ки онҳоро дӯсти Русия номидан душвор аст, талош барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ бар принсипҳои соҳибихтиёрӣ, баробарӣ ва эҳтироми мутақобилаи кишварҳо ва халқҳо, дар ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ эътироф мегардад", - афзуд Наришкин.
Ӯ афзуд, бисёриҳо хостори канорасозии бартарияти элитаи фаромиллӣ, мубориза бо терроризм на дар сухан, балки воқеӣ, мухолифи эҳёи сиёсат ва идеологияи нозӣ мебошанд.
Дар ин самт онҳое кам нестанд, ки аз ҷумла ба таври махфӣ ба Русия дар расидан ба ин аҳдоф кумак кунанд, таъкид намудаст Наришкин.