https://sputnik.tj/20230823/putin-nishast-saroni-kishvar-briks-video-1058996512.html
Путин ба сарони БРИКС гуфт, низоми ҷаҳониро чӣ гуна дидан мехоҳад - видео
Путин ба сарони БРИКС гуфт, низоми ҷаҳониро чӣ гуна дидан мехоҳад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви БРИКС аз низоми нави ҷаҳонӣ ва афзоиши саҳми кишварҳои созмон дар дунё баён дошт
2023-08-23T14:59+0500
2023-08-23T14:59+0500
2023-08-23T19:43+0500
видео
русия
владимир путин
брикс
африқо
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/17/1058997035_0:0:2979:1677_1920x0_80_0_0_1209fc2e6df1a90719f3761a0a1045f6.jpg
Президенти Русия Владимир Путин аз ташаккули низоми боадолати ҷаҳонӣ бо эҳтироми ҳамаи кишварҳо гуфт. Вай зимни суханронӣ дар ҳамоиши сарони БРИКС гуфт, Маскав хоҳони низоми бисёрқутбӣ бар асоси ҳуқуқҳои байналмилалӣ мебошад. Путин панҷгонаи БРИКС-ро созмони боэътибор хонд, ки ҳиссааш дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта истодааст. Ӯ ҳамчунин аз ҳадафи амалиёти вижаи низомӣ гуфта, онро хотима додан ба низоъе хонд, ки мақомдорони Украина тайи 8 сол давом доданд. Ӯ гуфт, Маскав қарор кард, онҳоеро дастгирӣ намояд, ки мехоҳанд анъанаю фарҳангу забони худро ҳифз намоянд. Путин: Ҳамкории БРИКС ба эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат мекунадҲамоиши БРИКС 22 август дар Йоҳаннесбург оғоз шуда, кори он 3 рӯз идома ёфта, 24 август ба поён мерасад. Ҳузурӣ Русияро дар ин ҳамоиш вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров намояндагӣ мекунад. Қаблан дипломати аршади Африқои Ҷанубӣ Налди Пандур гуфт, беш аз 40 кишвари ҷаҳон хоҳиши пайвастан ба БРИКС-ро изҳор карда, 23 кишвар расман дархости худро фиристодаанд.Аргентина, Туркия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Сенегал, Алҷазоир, Эфиопия, Эрон ва Индонезия аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки расман муроҷиат кардаанд.Дар ҳоли ҳозир ба ин созмон Русия, Бразилия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ шомиланд.
русия
африқо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/17/1058997035_248:0:2979:2048_1920x0_80_0_0_c52a4a7d32311a1fe86cb837b37152ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, русия, брикс, путин, афзоиш, саҳм
президент, русия, брикс, путин, афзоиш, саҳм
Путин ба сарони БРИКС гуфт, низоми ҷаҳониро чӣ гуна дидан мехоҳад - видео
14:59 23.08.2023 (Навсозишуда: 19:43 23.08.2023) Раисҷумҳури Русия дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви БРИКС аз низоми нави ҷаҳонӣ ва афзоиши саҳми кишварҳои созмон дар дунё баён дошт
Президенти Русия Владимир Путин аз ташаккули низоми боадолати ҷаҳонӣ бо эҳтироми ҳамаи кишварҳо гуфт.
Вай зимни суханронӣ дар ҳамоиши сарони БРИКС гуфт, Маскав хоҳони низоми бисёрқутбӣ бар асоси ҳуқуқҳои байналмилалӣ мебошад.
Путин панҷгонаи БРИКС-ро созмони боэътибор хонд, ки ҳиссааш дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта истодааст.
Ӯ ҳамчунин аз ҳадафи амалиёти вижаи низомӣ гуфта, онро хотима додан ба низоъе хонд, ки мақомдорони Украина тайи 8 сол давом доданд. Ӯ гуфт, Маскав қарор кард, онҳоеро дастгирӣ намояд, ки мехоҳанд анъанаю фарҳангу забони худро ҳифз намоянд.
Ҳамоиши БРИКС 22 август дар Йоҳаннесбург оғоз шуда, кори он 3 рӯз идома ёфта, 24 август ба поён мерасад. Ҳузурӣ Русияро дар ин ҳамоиш вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров намояндагӣ мекунад.
Қаблан дипломати аршади Африқои Ҷанубӣ Налди Пандур гуфт, беш аз 40 кишвари ҷаҳон хоҳиши пайвастан ба БРИКС-ро изҳор карда, 23 кишвар расман дархости худро фиристодаанд.
Аргентина, Туркия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Сенегал, Алҷазоир, Эфиопия, Эрон ва Индонезия аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки расман муроҷиат кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир ба ин созмон Русия, Бразилия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ шомиланд.