https://sputnik.tj/20230901/muboriza-koloi-jali-bozorhoi-iiao-1059176089.html
Мубориза бо колои ҷаълӣ дар бозорҳои ИИАО баррасӣ мешавад
Мубориза бо колои ҷаълӣ дар бозорҳои ИИАО баррасӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Санкт-Петербург ҳамоиши байналмилалӣ барои баррасии роҳҳои ҳифзи бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз колои ҷаълӣ баррасӣ мешавад
2023-09-01T16:32+0500
2023-09-01T16:32+0500
2023-09-01T16:33+0500
иқтисод
авруосиё
мубориза
қалбакӣ
коло
қочоқ
форум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102411/01/1024110140_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_db766fdcc5247a577b05ce0ce009e661.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен– Sputnik. Анҷумани XI байналмилалии "Зидди колои ҷаълӣ - 2023" рӯзҳои 5 - 6 октябр дар шаҳри Санкт-Петербург дар назар буда, ҳадафи он ҳифзи бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз маҳсулоти қалбакӣ гуфта мешавад. Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар ҳамоиш ҷорӣ намудани механизмҳои муосири рақамӣ дар низомҳои тамғагузорию пайгирӣ баррасӣ мешавад. Дар доираи чорабинӣ намояндагони ИИАО, Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои касбӣ ва соҳибкорон изҳори назару табодули таҷриба хоҳанд кард. Вазири иқтисод ва сиёсати молиявии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё БақитжанСагинтаев, форуми зидди колои ҷаълӣ ҷузъи ҷудонашавандаи барномаи ҳамгироии созмон мебошад. Вай афзуд, чорабинӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, бахши соҳибкорӣ ва мақомоти давлатӣ ба мушкилоти мубориза бар зидди колои ҷаълӣ мусоидат мекунад. Комссияи иқтисодии АвруОсиё аз қавли ноиби сарвазири Русия, Денис Мантуров, овардааст, ки занҷираҳои нави таъминот, гардиши ширкатҳо ва брендҳо дар бозори истеъмолӣ муборизаро бо маҳсулоти қалбакӣ махсусан муҳим месозад. "Ин ҳама ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ, рушди босуръати системаи тамғагузории рақамӣ ва пайгириро дар тамоми ИИАО талаб мекунанд. Чун анъана форум ба майдони асосии баҳс дар ин самт табдил хоҳад ёфт", - гуфт Мантуров. Форуми зидди колои қалбакӣ як чорабинии солонаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад, ки бо навбат дар кишвари роҳбарикунанда дар созмон гузаронда мешавад. Роҳбарии ИИАО дар соли 2023-ро Русия ба уҳда дорад.
https://sputnik.tj/20230829/iiao-naqliyot-barqi-rushd-1059108372.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102411/01/1024110140_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_74c71059265c9b238197a327ad3a9e38.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коло, қалбакӣ, бозор, иттиҳоди иқтисодии авруосиё, узв
коло, қалбакӣ, бозор, иттиҳоди иқтисодии авруосиё, узв
Мубориза бо колои ҷаълӣ дар бозорҳои ИИАО баррасӣ мешавад
16:32 01.09.2023 (Навсозишуда: 16:33 01.09.2023) Дар Санкт-Петербург ҳамоиши байналмилалӣ барои баррасии роҳҳои ҳифзи бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз колои ҷаълӣ баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 1 сен– Sputnik. Анҷумани XI байналмилалии "Зидди колои ҷаълӣ - 2023" рӯзҳои 5 - 6 октябр дар шаҳри Санкт-Петербург дар назар буда, ҳадафи он ҳифзи бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз маҳсулоти қалбакӣ гуфта мешавад.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар ҳамоиш ҷорӣ намудани механизмҳои муосири рақамӣ дар низомҳои тамғагузорию пайгирӣ баррасӣ мешавад.
Дар доираи чорабинӣ намояндагони ИИАО, Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои касбӣ ва соҳибкорон изҳори назару табодули таҷриба хоҳанд кард.
Вазири иқтисод ва сиёсати молиявии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё БақитжанСагинтаев, форуми зидди колои ҷаълӣ ҷузъи ҷудонашавандаи барномаи ҳамгироии созмон мебошад.
Вай афзуд, чорабинӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, бахши соҳибкорӣ ва мақомоти давлатӣ ба мушкилоти мубориза бар зидди колои ҷаълӣ мусоидат мекунад.
"Тамоюлҳои муосири истеҳсол ва тақсими маҳсулоти қалбакӣ, зарурати ҷустуҷӯ ва муҳокимаи воситаҳои нави самараноки мубориза бо ин зуҳуротро дар бозори умумии АвруОсиё талаб мекунад", - афзуд ӯ.
Комссияи иқтисодии АвруОсиё аз қавли ноиби сарвазири Русия, Денис Мантуров, овардааст, ки занҷираҳои нави таъминот, гардиши ширкатҳо ва брендҳо дар бозори истеъмолӣ муборизаро бо маҳсулоти қалбакӣ махсусан муҳим месозад.
"Ин ҳама ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ, рушди босуръати системаи тамғагузории рақамӣ ва пайгириро дар тамоми ИИАО талаб мекунанд. Чун анъана форум ба майдони асосии баҳс дар ин самт табдил хоҳад ёфт", - гуфт Мантуров.
Форуми зидди колои қалбакӣ як чорабинии солонаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад, ки бо навбат дар кишвари роҳбарикунанда дар созмон гузаронда мешавад. Роҳбарии ИИАО дар соли 2023-ро Русия ба уҳда дорад.