https://sputnik.tj/20230829/iiao-naqliyot-barqi-rushd-1059108372.html
ИИАО нақлиёти барқиро рушд медиҳад
ИИАО нақлиёти барқиро рушд медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё санади ҷадидро қабул кард, ки ба рушди инфрасохтори нақлиёти барқӣ дар қаламрави кишварҳои узв нигаронда шудааст
2023-08-29T14:59+0500
2023-08-29T14:59+0500
2023-08-29T17:19+0500
иттиҳод
иқтисодӣ
авруосиё
давлатӣ
худрав
барқӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/08/1050565630_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_742e1b1603ce690392dc134fbbbc8f70.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тавсияномаи ташкил ва рушди инфрасохтори нерӯдиҳанда ва хидматрасонии техникии нақлиёти барқии автомобилиро дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қабул гардид. Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё санади мазкур дар ҷаласаи ҳайати мушовара пазируфта шуд. Вазири саноату хоҷагии қишлоқи Комиссияи иқтисоди АвруОсиё, Артак Камалян ҳуҷҷати мазкурро дар барои рушди худравҳои барқӣ муҳим хонд. "Қабули ин тавсия равишҳои минбаъдаро ба рушди муштараки инфрасохтори нерӯдиҳанда барои нақлиёти барқӣ дар кишварҳои мо муайян мекунад", - гуфт ӯ. Ба гуфтаи Камалян, санад ба кишварҳои узв тавсия медиҳад, ки ҳамкорию ҳамоҳангиро дар ин самт тақвият бахшад. "Сухан сари ҳавасмандгардониҳо барои ташаккули хидматрасониҳои техникӣ, инфрасохтори нерӯдиҳанда ва тавлиди дастгоҳҳои зарурӣ дар қаламрави кишварҳои узв меравад", - изҳор дошт ӯ. Дар назар аст, харитаи муштараке бо зикри макони иншооти зарурӣ барои нақлиёти барқӣ таҳия карда шавад. Табодули таҷриба, ташкили лоиҳаҳои муштарак, татбиқи якҷоя, оммавигардонии истифодаи худравҳои барқӣ аз бахшҳои дигари ин тавсиянома мебошад. Солҳои охир ба далели нисбатан кам зарар доштани худравҳои барқӣ барои муҳити атроф таваҷҷӯҳ ба ин навъи воситаҳои нақлиёт дар ҷаҳон майли афзоиш дорад ва ин раванд дар сатҳи давлатҳо дастгирӣ меёбад.
https://sputnik.tj/20230718/tojikiston-voridot-khudrav-ellektroni-afzoish-1058321408.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/08/1050565630_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_329aca2ee735f94e544f6b99456e1a72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, нақлиёт, барқӣ, санад, рушд, афзоиш
ииао, нақлиёт, барқӣ, санад, рушд, афзоиш
ИИАО нақлиёти барқиро рушд медиҳад
14:59 29.08.2023 (Навсозишуда: 17:19 29.08.2023) Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё санади ҷадидеро қабул кард, ки ба рушди инфрасохтори нақлиёти барқӣ дар қаламрави кишварҳои узв нигаронда шудааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тавсияномаи ташкил ва рушди инфрасохтори нерӯдиҳанда ва хидматрасонии техникии нақлиёти барқии автомобилиро дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қабул гардид.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё санади мазкур дар ҷаласаи ҳайати мушовара пазируфта шуд.
Вазири саноату хоҷагии қишлоқи Комиссияи иқтисоди АвруОсиё, Артак Камалян ҳуҷҷати мазкурро дар барои рушди худравҳои барқӣ муҳим хонд.
"Қабули ин тавсия равишҳои минбаъдаро ба рушди муштараки инфрасохтори нерӯдиҳанда барои нақлиёти барқӣ дар кишварҳои мо муайян мекунад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Камалян, санад ба кишварҳои узв тавсия медиҳад, ки ҳамкорию ҳамоҳангиро дар ин самт тақвият бахшад.
"Сухан сари ҳавасмандгардониҳо барои ташаккули хидматрасониҳои техникӣ, инфрасохтори нерӯдиҳанда ва тавлиди дастгоҳҳои зарурӣ дар қаламрави кишварҳои узв меравад", - изҳор дошт ӯ.
Дар назар аст, харитаи муштараке бо зикри макони иншооти зарурӣ барои нақлиёти барқӣ таҳия карда шавад.
Табодули таҷриба, ташкили лоиҳаҳои муштарак, татбиқи якҷоя, оммавигардонии истифодаи худравҳои барқӣ аз бахшҳои дигари ин тавсиянома мебошад.
Солҳои охир ба далели нисбатан кам зарар доштани худравҳои барқӣ барои муҳити атроф таваҷҷӯҳ ба ин навъи воситаҳои нақлиёт дар ҷаҳон майли афзоиш дорад ва ин раванд дар сатҳи давлатҳо дастгирӣ меёбад.