Ҷоизаи Амрико барои боздошти вазири дохилаи толибон* ҳамчунон побарҷост

© AFP 2023 / AHMAD SAHEL ARMANГлава МВД Афганистана Сираджуддин Хаккани
Глава МВД Афганистана Сираджуддин Хаккани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2023
Обуна шудан
Як мақоми аршади амрикоӣ таъкид кард, ки ҷоизаи 10 млн долларӣ барои дастгирии Сироҷиддин Ҳаққонӣ вазири умури дохилаи ҳукумати толибон ҳамчунон побарҷост
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Сафири олии вазорати умури хориҷаи ИМА барои адолати кайфарии ҷаҳонӣ таъйид мекунад, ки Амрико ҳамчунон хоҳони дастгирии сарпарасти вазорати умури дохилаи гурӯҳи толибон аст.
Намояндаи Амрико барои адолати кайфарии ҷаҳонӣ Бас Вин Шок гуфт, ки ҷоизаи 10 млн долларӣ барои иттилооте, ки ба дастгирии Сироҷддин Ҳаққонӣ сарпарасти вазорати умури дохилаи гурӯҳи толибон* мунҷар шавад, ҳамчунон сари ҷояш аст.
Вин Шок гуфт, афроде ки иттилооти марбут ба ӯро ироа кунанд, дар сурате, ки он шахс (Ҳаққонӣ) дар ниҳоят ба панҷаи адолат супурда шавад, воҷид шароит дарёфти подош барои он иттилоот хоҳад буд.
Вай дар бораи дархостҳо барои ба расмият шинохтани муқеъияти занон зери режими гуруҳи толибон* ба унвони “опортойиди ҷинсиятӣ" тавзеҳ дод, ки Вашингтон мавзеи расмӣ дар ин маврид надорад, аммо шабоҳатҳои зиёдии байни муқеъияти Афғонистониҳо дар ҳоли ҳозир ва сиёҳпӯстони Африқои ҷанубӣ дар солҳои 1948 - 1994 вуҷӯд дорад.
Дидори намояндагони низомии кишварҳои Осиё ва Австралия бо сафири Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Сафири Афғонистон: Толибон* таҳдид ба кишварҳои ҳамсоя ҳастанд
Ёдоварӣ мекунем, ки пас аз ба қудрат расидани дубораи гурӯҳи толибон* дар Афғонистон, ФБР подош барои дастгирии ӯро аз 5 млн ба 10 млн доллар афзоиш дод.
Суханони мақоми амрикоӣ дар бораи барқарории ҷоиза барои дастгирии Ҳаққонӣ сабаби вокунишҳои таънаомези корбарон дар фазои маҷозӣ шудааст ки бо интишори мавқеъияти сохтимони вазорати дохила Афғонистон дарёфт ин ҷоизаро талаб мекунанд.
Гурӯҳи толибон* ба далели корҳои террористии зери таҳримҳои созмон милаллӣ аст.
*-созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0