Сафири Афғонистон: Толибон* таҳдид ба кишварҳои ҳамсоя ҳастанд

© Sputnik Дидори намояндагони низомии кишварҳои Осиё ва Австралия бо сафири Афғонистон
Дидори намояндагони низомии кишварҳои Осиё ва Австралия бо сафири Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар дидори намояндагони низомии кишварҳои гуногун бо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ташаннуҷи вазъи геополитикӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ахиран мақомоти аршади низомии Ҳинд, Бутон, Бангладеш, Непал, Австралия таҳти раёсати генерал Мукеш Агрвол, бо ҳамроҳии сафири Ҳинд дар Тоҷикистон Вирҷ Синг бо сафири Афғонистони Зоҳир Ағбар дар Душанбе дидор карданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе хабар дод.
Ба иттилои сафир, дар ин мулоқот дар мавриди вазъи сиёсӣ ва амниятии минтақа, мавзуи сулҳу субот дар Афғонистон, нақзи пай дар пайи ҳуқуқи башар, авзоъи мубҳами занон ва ояндаи Афғонистон суҳбату табодули назар суат гирифт.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот таъкид гардид, ки ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ таҳти раҳбарии толибон* на танҳо таҳдид дар баробари Афғонистон, балки дар муқобили кишварҳои ҳамсоя ва минтақа низ мебошад.
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Ҳушдори ниҳодҳои байналмилалӣ аз бадтар шудани авзоъи зиндагӣ дар Афғонистон
Дар ин дидор тарафҳо аз нақзи ҳуқуқи башар, мамнуъияти таълимӣ ва таҳсилии духтарон, эҷоди мадрасаҳои ҷиҳодӣ, қатлҳои беравия дар режими толибон* ва густариши рӯзафзуни фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба унвони намунае аз чолишҳоу хатарҳое, ки бо гузашти ҳар рӯз печидатар мегардад, ном бурда шуданд.
Зоҳир Ағбар қайд кардааст, ки дар ин мулоқоти ҳама таъкид намуданд, ки адами тавваҷӯ ҳ ба вазъияти Афғонистон ба яқин, ки таъсии мустақим бар авзоъи кишварҳои ҳамсояу минтақа низ хоҳад кард.
*-созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0