https://sputnik.tj/20230831/rahmon-farmon-davati-tiramohi-askari-imzo-1059158124.html
Раҳмон фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард
Раҳмон фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷавононе, ки ба синни 18 расидаанд ва ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, ба аскарӣ даъват мешаванд
2023-08-31T19:33+0500
2023-08-31T19:33+0500
2023-08-31T19:33+0500
дар тоҷикистон
даъват
аскарӣ
эмомалӣ раҳмон
фармон
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102237/88/1022378829_0:0:2311:1301_1920x0_80_0_0_3a675da1ee06aaa6ed35a5c113c513eb.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон омодагиҳо ба даъвати навбатии тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ оғоз мешавад. Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август ба имзо расонд. Тибқи ин санад, аскароне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2023 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешавад. Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиш даъват мешавад. Вазорати дифоъ, раисони комиссияи даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат амалӣ намоянд. Раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо дарки масъулият даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд. Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки марҳилаи омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ тарғиб намоянд. Ҳамчунин, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
https://sputnik.tj/20221221/narkh-khidmat-askari-tojikiston-bolo-1053670070.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102237/88/1022378829_254:0:2311:1543_1920x0_80_0_0_34017ad5017bb70fa8e3a36dbb9bb0e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фармон, эмомалӣ раҳмон, даъват, аскарӣ, тирамоҳӣ, имзо, хидмат ҳарбӣ
тоҷикистон, фармон, эмомалӣ раҳмон, даъват, аскарӣ, тирамоҳӣ, имзо, хидмат ҳарбӣ
Раҳмон фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард
Ҷавононе, ки ба синни 18 расидаанд ва ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, ба аскарӣ даъват мешаванд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон омодагиҳо ба даъвати навбатии тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ оғоз мешавад.
Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август ба имзо расонд.
Тибқи ин санад, аскароне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2023 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешавад.
Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиш даъват мешавад.
Вазорати дифоъ, раисони комиссияи даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат амалӣ намоянд.
Раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо дарки масъулият даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки марҳилаи омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ тарғиб намоянд.
Ҳамчунин, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.