https://sputnik.tj/20221221/narkh-khidmat-askari-tojikiston-bolo-1053670070.html
Нархи хидмати аскарӣ дар Тоҷикистон боло меравад
Нархи хидмати аскарӣ дар Тоҷикистон боло меравад
Sputnik Тоҷикистон
Болоравии нархи хизмати ҳарбии пулакӣ ба афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста мебошад, ки аз аввали соли оянда 68 сомониро ташкил хоҳад дод
2022-12-21T17:00+0500
2022-12-21T17:00+0500
2022-12-21T17:00+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
нарх
боло
хизмат
ҳарбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/18/1026791879_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_fc86beea2db745cd445c1d7e3f665c5a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Нархи хидмати пулакӣ дар Тоҷикистон аз соли оянда ба 28 ҳазору 560 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ин нишондод соли равон 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад. Болоравии нархи хизмати ҳарбии пулакӣ аз соли 2023 ба афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон рабт дорад, ки соли оянда 6,25% афзоиш ёфта, аз 64 сомонии ҳозира то 68 сомонӣ зиёд мешавад.Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ҳаҷми маблағ ба ивази адои хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудаст. Гуфта мешавад, ки дар давъати тирамоҳии соли гузашта 450 ҷавон бо пардохти беш аз 11,3 млн сомонӣ ва дар даъвати баҳории соли равон 1200 ҷавони тоҷик бо пардохти беш аз 32 млн сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро анҷом доданд.Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайян дар ҳайати захиравӣ хизмат кунанд. Муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.Қаблан раисҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст.
https://sputnik.tj/20221207/vmkb-naqsha-davat-navaskaron-mirzonabot-1053351813.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/18/1026791879_134:0:1945:1358_1920x0_80_0_0_54d3df3b806c7417982891c5b905d352.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, нарх, хидмат, пулакӣ, тоҷикистон
афзоиш, нарх, хидмат, пулакӣ, тоҷикистон
Нархи хидмати аскарӣ дар Тоҷикистон боло меравад
Болоравии нархи хизмати ҳарбии пулакӣ ба афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста мебошад, ки аз аввали соли оянда 68 сомониро ташкил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Нархи хидмати пулакӣ дар Тоҷикистон аз соли оянда ба 28 ҳазору 560 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ин нишондод соли равон 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад.
Болоравии нархи хизмати ҳарбии пулакӣ аз соли 2023 ба афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон рабт дорад, ки соли оянда 6,25% афзоиш ёфта, аз 64 сомонии ҳозира то 68 сомонӣ зиёд мешавад.
Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ҳаҷми маблағ ба ивази адои хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудаст.
Гуфта мешавад, ки дар давъати тирамоҳии соли гузашта 450 ҷавон бо пардохти беш аз 11,3 млн сомонӣ ва дар даъвати баҳории соли равон 1200 ҷавони тоҷик бо пардохти беш аз 32 млн сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро анҷом доданд.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайян дар ҳайати захиравӣ хизмат кунанд.
Муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.
Қаблан раисҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст.