https://sputnik.tj/20230831/ittihodi-avrupo-gaz-rusiyagi-voridi-jang-1059159174.html
Иттиҳоди Аврупо омода аст барои гази русиягӣ вориди ҷанг шавад
Иттиҳоди Аврупо омода аст барои гази русиягӣ вориди ҷанг шавад
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ Такер Карлсон саёҳати аврупоиашро идома дода ва алакай бо президенти Сербистон ва роҳбари Маҷористон мусоҳиба кард
2023-08-31T21:00+0500
2023-08-31T21:00+0500
2023-08-31T21:00+0500
сутуннигор
русия
амрико
рӯзноманигор
амрикоӣ
сиёсат
аврупо
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032171417_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_e66f91cb1fcb480a68b3413cf3539c45.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik, Сергей Савчук. Маълум гашт, ки Виктор Орбан ба худ содиқ аст ва яку якбора миёни ҷанҷоли сиёсии дохилиаврупоӣ монд. Бар иловаи дигар гуфтаҳояш, Орбан эълон дошт, ки Маҷористон ва Сербистон ҳамаи кӯшишҳои дахолат ба кори хати интиқоли гази русиягиро чун баҳона ва ё асос барои ҷанг хоҳанд донист. Агар бо забони шаффофи дипломатӣ гӯем, ин маънои онро дорад, ки дар ҳолате, ки агар касе кӯшиши тарконидан ва ё аз кор баровардани лӯлаи гази “Туретский поток” (“Маҷрои туркӣ”)-ро кунад, Будапешт ва Белград омодаанд барои ин лӯла яроқ дар даст бо ҷалби техникаи зиреҳпӯш мубориза баранд. Дар охир Орбан изҳори боварӣ кард, ки “ба касе лозим бошад”, паёми ӯро шунид ва дуруст ҳам фаҳмид. Ана ҳамин гуна - дипломатияи нафис дохили оилаи халқҳои аврупоӣ. Гуфтан лозим аст, ки Виктор Орбан – ҳарчанд аз нуқтаи назари дурӯяҳои ғарбӣ одами моҷароҷӯй ва ҳам халалворидкунандаи хомӯшӣ бошад ҳам, фақат сари забон воқеиятро меорад – воқеиятеро, ки дар борааш дигар давлатҳо ва сиёсатмадорони ИА ҳарфе намегӯянд. Ҳамин гуна, дар як вақт бо мусоҳиба бо роҳбари Маҷористон, мақолааш дар Financial Times аз чоп баромад, ки бо иқтибос аз маълумоти ташкилоти байналхалқии Global Witness асли воқеаро шарҳ медиҳад: то охири соли равон кишварҳои аврупоӣ миқдори зарурии гази фишурдашудаи (моеи) табии дар Русия истеҳсолшударо захира менамоянд. Аз ҷумла, дар ин таҳлил маълумотҳое оварда шудаанд, ки тибқи онҳо харидори асосии гази моеи мо (СПГ) Чин буда, ҳаҷми фурӯш ба он аз моҳи январ то июли соли равон якбора то ба 62,7 % афзуда, 4,46 миллион тоннро ташкил дод. Айнан чунин ҳолат дар самти молиявӣ низ ҷой дорад – вобаста ба ҷаҳиши нарх арзиши нархи содиротии захираҳо энергетикии русиягӣ зиёда аз 20% қимат шуд, маблағи даромади бозингарони бозори пулӣ бошад, қариб се миллиард долларро ташкил дод. Нақши Ҷумҳурии мардумии Чин ин ҷо маъмулист, дар идомаи рӯйихат бошад, бозингарон ногаҳониянд. Дар ҷои дуюм дар хариди гази моеи русиягӣ Испания меистад, дар ҷои сеюм бошад – Белгияи кӯчак. Ба шарофати ба якбора афзоиш ёфтани содироти русиягӣ ба ин кишварҳо ҳаҷми умумии хариди ин намуди сӯзишворӣ дар дохили ИА якбора ба 40 % афзоиш ёфт. Ҳам Financial Times ва ҳам Global Witness басо аз ин ҷараён ва ҳам аз бозуҳои сусти давлатҳои аврупоӣ афсурдаанд, ки ба таҳримҳои шадиди зиддирусиягӣ як сол ҳам тоб оварда натавонистанд. Мо бесабаб ин ду навгониро ба ҳам напайвастаем. Шояд фақат одамфазоён овозандозии Аврупоро дар он хусус, ки чӣ гуна Русияро сахт ҷазо медиҳад, нашунидаанд – Аврупоеро, ки аз харидории сӯзишвориву барқи Русия даст кашид, то буҷаи мудофиавии русиягиро то ба қаъраш хушк кунад. Дар натиҷаи манъкуниҳои осемасари ҷорикардашуда ва ҳам истифода аз ҳуқуқи эмбаро дар бозори байналхалқӣ, ки Русия бозингари калидӣ дар фурӯши молҳои асосӣ мебошад, ҳама дарҳам-барҳам гашту нархҳо осмонбӯс шуданд. Ин ба он оварда расонд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта нафту газу ангишти ватанӣ ва маҳсулотҳои аз онҳо омодакардамешуда ба буҷаи давлат қариб 300 миллиард доллар оварданд. Дар ин миён, аз ҳисоби аврупоиҳои баваҳмафтода киҳое, ки киса пур накарданд – дар назар дорем дигар фурӯшандагони ин захираҳо ба монанди Норвегия ва ИМА-ро. Соли равон пешвоёни сиёсӣ дар Ғарб аз он хело хушнуд ва хушбинанд ва эътиқоди қавӣ доранд, ростӣ ин чеҳраҳо ба ҳеҷ ваҷҳ натавонистанд на ҷурғофияи физикӣ ва на қонунҳои интиқоли молу колоро дигар кунанд. Конҳои нафту газ ҳамон гуна дар ҷойҳои худ монданд, гузариш ба шартномаву савдои ҳамин замону ҳамин макон ва ҳам даст кашидан аз сӯзишвории тавассути лӯлаҳо интиқолдодамешуда ба он оварда расонид, ки ширкатҳои боркашонӣ ва соҳибони флоти баҳрӣ қариб, ки бештар аз истеҳсолкунандагон пул кор мекардагӣ шуданд. Дар дохили маҷолиси либералҳои русиягӣ, чун анъана, ақидае давр мезанад, ки Ғарби дастҷамъӣ чунин тӯфонҳои молиявиро бе душвориву бе шикасту рехт паси сар мекунад. Яъне, ки чӣ қадаре, ки пул лозим бошад, ҳамон қадар пул чоп мекунанд. Воқеияти бозор бошад, он аст, ки пас аз гузашти камтар аз ду сол аз оғози ҷанги доманадори таҳримӣ ҳатто иқтисоди то гузаштаи наздик пурқуввату гаронвазни Олмон низ батадриҷ пастравӣ дорад. Брюссел кӯшиш кард, ки пештози хариди яклухти захираҳои энергетикӣ бо назардошти ҳиссаи истеъмоли ҳар як кишвар бошад, аммо ин тарҳ қобили амал набаромад, аммо, чуноне, ки мебинем, имрӯз ҳар як кишвар, дар лаб мӯҳр, ба оҳистагӣ анборхонаҳои сӯзишвории худро пуркунӣ дорад. Ҳатто бо нафту газ аз Русияе, ки бо ӯ аз даст дода пурсупос кардан шарм медоранд.Мақоли қадимае ҳаст: бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Ана ҳамин мақол баёнгари ҳолати дасткашии Иттиҳоди Аврупо аз захираҳои энергетикии русиягӣ мебошад. Аллакай дар Ғарб чӣ теъдод мақолаҳое нанавиштанд, чӣ нутқҳои пурдабдабае нагуфтанд, чӣ ваъдаҳои ширине надоданд, ки агар равобити савдоро бо Маскав канед, ба ҳеҷ чӣ таъсиррасон нахоҳад буд. Дар амал бошад, Аврупо харидории нафту газро аз шарқ идома дода истодааст, ва фақат ин корро шармидаву пинҳонӣ анҷом медиҳад. Дар ҳамин ҳол, чуноне, ки суръати афзоиш нишон медиҳад, ҳаҷми интиқол ба дигар самтҳо ё маҳдуданд ё он гуна арзиши баланд доранд, ки давлатҳои Иттиҳоди Аврупо омодаанд аз лӯлаҳои пурарзиш ва нуқтаҳои тақсими онҳо яроқ дар даст дифоъ намоянд. Ҳатто аз дӯстони худ.
https://sputnik.tj/20230718/safir-rusiya-amriko-hamla-kiev-puli-qrim-dast-1058319196.html
https://sputnik.tj/20230419/amriko-mekhohad-bo-rusiya-va-chin-suboti-strategiro-barrasi-namoyad-1056549025.html
https://sputnik.tj/20230322/rusiya-amriko-kosai-sabri-labrez-nakuned-1055686750.html
https://sputnik.tj/20230127/zakharova-amriko-muttahidon-rusiya-1054535736.html
русия
амрико
аврупо
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032171417_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_3ac5b0ac523d54523a72a524131644f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аврупо, рӯзноманигор, амрикоӣ, газ, аврупо, вориди ҷанг, маҷористон, сербистон, сиёсат, сутуннигор
аврупо, рӯзноманигор, амрикоӣ, газ, аврупо, вориди ҷанг, маҷористон, сербистон, сиёсат, сутуннигор
Иттиҳоди Аврупо омода аст барои гази русиягӣ вориди ҷанг шавад
Рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ Такер Карлсон саёҳати аврупоиашро идома дода ва алакай бо президенти Сербистон ва роҳбари Маҷористон мусоҳиба кард
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik, Сергей Савчук. Маълум гашт, ки Виктор Орбан ба худ содиқ аст ва яку якбора миёни ҷанҷоли сиёсии дохилиаврупоӣ монд. Бар иловаи дигар гуфтаҳояш, Орбан эълон дошт, ки Маҷористон ва Сербистон ҳамаи кӯшишҳои дахолат ба кори хати интиқоли гази русиягиро чун баҳона ва ё асос барои ҷанг хоҳанд донист.
Агар бо забони шаффофи дипломатӣ гӯем, ин маънои онро дорад, ки дар ҳолате, ки агар касе кӯшиши тарконидан ва ё аз кор баровардани лӯлаи гази “Туретский поток” (“Маҷрои туркӣ”)-ро кунад, Будапешт ва Белград омодаанд барои ин лӯла яроқ дар даст бо ҷалби техникаи зиреҳпӯш мубориза баранд.
Дар охир Орбан изҳори боварӣ кард, ки “ба касе лозим бошад”, паёми ӯро шунид ва дуруст ҳам фаҳмид.
Ана ҳамин гуна - дипломатияи нафис дохили оилаи халқҳои аврупоӣ.
Гуфтан лозим аст, ки Виктор Орбан – ҳарчанд аз нуқтаи назари дурӯяҳои ғарбӣ одами моҷароҷӯй ва ҳам халалворидкунандаи хомӯшӣ бошад ҳам, фақат сари забон воқеиятро меорад – воқеиятеро, ки дар борааш дигар давлатҳо ва сиёсатмадорони ИА ҳарфе намегӯянд.
Ҳамин гуна, дар як вақт бо мусоҳиба бо роҳбари Маҷористон, мақолааш дар Financial Times аз чоп баромад, ки бо иқтибос аз маълумоти ташкилоти байналхалқии Global Witness асли воқеаро шарҳ медиҳад: то охири соли равон кишварҳои аврупоӣ миқдори зарурии гази фишурдашудаи (моеи) табии дар Русия истеҳсолшударо захира менамоянд.
Аз ҷумла, дар ин таҳлил маълумотҳое оварда шудаанд, ки тибқи онҳо харидори асосии гази моеи мо (СПГ) Чин буда, ҳаҷми фурӯш ба он аз моҳи январ то июли соли равон якбора то ба 62,7 % афзуда, 4,46 миллион тоннро ташкил дод.
Айнан чунин ҳолат дар самти молиявӣ низ ҷой дорад – вобаста ба ҷаҳиши нарх арзиши нархи содиротии захираҳо энергетикии русиягӣ зиёда аз 20% қимат шуд, маблағи даромади бозингарони бозори пулӣ бошад, қариб се миллиард долларро ташкил дод.
Нақши Ҷумҳурии мардумии Чин ин ҷо маъмулист, дар идомаи рӯйихат бошад, бозингарон ногаҳониянд. Дар ҷои дуюм дар хариди гази моеи русиягӣ Испания меистад, дар ҷои сеюм бошад – Белгияи кӯчак.
Ба шарофати ба якбора афзоиш ёфтани содироти русиягӣ ба ин кишварҳо ҳаҷми умумии хариди ин намуди сӯзишворӣ дар дохили ИА якбора ба 40 % афзоиш ёфт.
Ҳам Financial Times ва ҳам Global Witness басо аз ин ҷараён ва ҳам аз бозуҳои сусти давлатҳои аврупоӣ афсурдаанд, ки ба таҳримҳои шадиди зиддирусиягӣ як сол ҳам тоб оварда натавонистанд.
Мо бесабаб ин ду навгониро ба ҳам напайвастаем.
Шояд фақат одамфазоён овозандозии Аврупоро дар он хусус, ки чӣ гуна Русияро сахт ҷазо медиҳад, нашунидаанд – Аврупоеро, ки аз харидории сӯзишвориву барқи Русия даст кашид, то буҷаи мудофиавии русиягиро то ба қаъраш хушк кунад.
Дар натиҷаи манъкуниҳои осемасари ҷорикардашуда ва ҳам истифода аз ҳуқуқи эмбаро дар бозори байналхалқӣ, ки Русия бозингари калидӣ дар фурӯши молҳои асосӣ мебошад, ҳама дарҳам-барҳам гашту нархҳо осмонбӯс шуданд.
Ин ба он оварда расонд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта нафту газу ангишти ватанӣ ва маҳсулотҳои аз онҳо омодакардамешуда ба буҷаи давлат қариб 300 миллиард доллар оварданд.
Дар ин миён, аз ҳисоби аврупоиҳои баваҳмафтода киҳое, ки киса пур накарданд – дар назар дорем дигар фурӯшандагони ин захираҳо ба монанди Норвегия ва ИМА-ро.
Соли равон пешвоёни сиёсӣ дар Ғарб аз он хело хушнуд ва хушбинанд ва эътиқоди қавӣ доранд, ростӣ ин чеҳраҳо ба ҳеҷ ваҷҳ натавонистанд на ҷурғофияи физикӣ ва на қонунҳои интиқоли молу колоро дигар кунанд.
Конҳои нафту газ ҳамон гуна дар ҷойҳои худ монданд, гузариш ба шартномаву савдои ҳамин замону ҳамин макон ва ҳам даст кашидан аз сӯзишвории тавассути лӯлаҳо интиқолдодамешуда ба он оварда расонид, ки ширкатҳои боркашонӣ ва соҳибони флоти баҳрӣ қариб, ки бештар аз истеҳсолкунандагон пул кор мекардагӣ шуданд.
Дар дохили маҷолиси либералҳои русиягӣ, чун анъана, ақидае давр мезанад, ки Ғарби дастҷамъӣ чунин тӯфонҳои молиявиро бе душвориву бе шикасту рехт паси сар мекунад.
Яъне, ки чӣ қадаре, ки пул лозим бошад, ҳамон қадар пул чоп мекунанд.
Воқеияти бозор бошад, он аст, ки пас аз гузашти камтар аз ду сол аз оғози ҷанги доманадори таҳримӣ ҳатто иқтисоди то гузаштаи наздик пурқуввату гаронвазни Олмон низ батадриҷ пастравӣ дорад.
Брюссел кӯшиш кард, ки пештози хариди яклухти захираҳои энергетикӣ бо назардошти ҳиссаи истеъмоли ҳар як кишвар бошад, аммо ин тарҳ қобили амал набаромад, аммо, чуноне, ки мебинем, имрӯз ҳар як кишвар, дар лаб мӯҳр, ба оҳистагӣ анборхонаҳои сӯзишвории худро пуркунӣ дорад. Ҳатто бо нафту газ аз Русияе, ки бо ӯ аз даст дода пурсупос кардан шарм медоранд.
Мақоли қадимае ҳаст: бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад.
Ана ҳамин мақол баёнгари ҳолати дасткашии Иттиҳоди Аврупо аз захираҳои энергетикии русиягӣ мебошад.
Аллакай дар Ғарб чӣ теъдод мақолаҳое нанавиштанд, чӣ нутқҳои пурдабдабае нагуфтанд, чӣ ваъдаҳои ширине надоданд, ки агар равобити савдоро бо Маскав канед, ба ҳеҷ чӣ таъсиррасон нахоҳад буд.
Дар амал бошад, Аврупо харидории нафту газро аз шарқ идома дода истодааст, ва фақат ин корро шармидаву пинҳонӣ анҷом медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, чуноне, ки суръати афзоиш нишон медиҳад, ҳаҷми интиқол ба дигар самтҳо ё маҳдуданд ё он гуна арзиши баланд доранд, ки давлатҳои Иттиҳоди Аврупо омодаанд аз лӯлаҳои пурарзиш ва нуқтаҳои тақсими онҳо яроқ дар даст дифоъ намоянд. Ҳатто аз дӯстони худ.